Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. АШЪОРИ ОҲАНГСОЗОН,
    ОВОЗХОНОНИ АФҒОНИ ВА АЛОҚАМАНДОНАШ
    ДАР БОРАИ АҲМАД ЗОҲИР

Чӣ тавре, ки дар боло ишора кардем, дар бораи овозхони маҳбуб Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон ва ё Эрон адибони ҳирфаӣ ва ё маъруф чизе гуфта бошанд ва ё не, ба мо маълум нест. Бояд гуфт, ки дар ин самт низ то он ҷое, ки имконият даст дода буд, аз сӯи мо ҷустуҷӯҳое сурат гирифтанд. Вале муттаасифона, чандон комёб нашудем. Ба мо муяссар шуд, ки танҳо чанд порчаи назмиеро, ки баъзе аз дӯстони Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи овозхонҳо ва оҳангсозон, инчунин мухлисонаш дар рӯзи вафот ва баъдан дар рӯзҳои таҷлили солгардҳои ба шаҳодат расиданаш гуфтаанд, гирдоварӣ намоем. Ин порчаҳои назмиро мо асосан аз барномаҳои радиоӣ ҷамъ овардаем. Дар манбаъҳои хаттӣ танҳо дар нашри сеюми китоби "Танҳо садост, ки мемонад" дар охир бидуни овардани номи муаллиф ва ишорае, ки ин шеър ба Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст, шеъри оҳангсози маъруф Фазлаҳмади Найнавоз оварда шудааст, ки он ҳам нопурра ва дар шакли хато мебошад. Шояд бо айби чопхона бошад, ки аввали шеър дар охири китоб, дар саҳифаи 222 ва давоми он дар саҳифаи 202 чоп шудааст. Агар аз ҷиҳати бадеият ва талаботи шеърӣ дар ин порчаҳои назмии ҷамъоварда нуқсонҳое вуҷуд дошта бошанд ҳам, вале самимияти баланде дар онҳо эҳсос мешавад ва метавон гуфт, ки дар омӯзиши аҳвол ва осори Аҳмад Зоҳир аз аҳамияти вижае бархӯрдор ҳастанд.

пешина
аз 338
навбатӣ