Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
обгистан мешавад, ки онро баъдҳо худи ӯ пайки муҳаббат ба зиндагӣ меномад. Ин атои Худовандӣ буд дар қолаби садои Аҳмад Зоҳир. Аз он лаҳза ҳаёт барои Абдухолиқ маънии дигаре пайдо мекунад. Офтобу моҳ, ситораҳову сабзазорон, дарёҳо ва кӯҳсоронро дигар ӯ дар ҳамин садои ҷонфизову рӯҳбахш мебинам ва мешунавад ва дарк мекунад. Ӯ аз он рӯзе, ки бори нахуст ин садоро шунидааст, аз он ҷудоӣ надорад. Онро ҳар рӯз мешунавад, ҳатто шаб дар хоб онро мешунавад.
-
Ту Аҳмад Зоҳирро дар хобат ҳам дидаӣ? - аниқ карданӣ мешавам аз Абдулҳолиқ.
-
Бале, 15 сол муқаддам боре ба хобам Аҳмад Зоҳир даромада буд, - посух медиҳад ӯ.
-
Чӣ гуна ӯро дарёфтӣ? Қиёфааш чӣ гуна буд? Аз чӣ хусус сӯҳбат кардед? - кунҷковӣ мекунам.
-
Ман қиёфаи ӯро надидам. Охир, мо нобиноҳои модарзод, ҳатто дар хоб ҳам чизеро намебинем ва намедонем, ки одам чӣ гуна қиёфа дорад. Ман танҳо овозашро шунидам. Ӯ изҳори хурсандӣ мекард, ки таронаҳояшро мехонам. Тамом. Дигар гапи зиёд назад. Вале ман шод будам, ки он касе, ки таронаҳояш дили маро ба зиндагӣ гарм карда буд, худ аз ман низ хурсанд аст. Пас, зиндагиамро беҳуда сарф накардаам...
Ман аз Абдулҳолиқ мепурсам, ки кадоме аз сурудҳои Аҳмад Зоҳирро дӯст медорад. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳамаи сурудҳояшро. Ҳамаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир бароям азизанд. Вале ба ҳар ҳол як суруде ҳаст, ки он "Бигзор бигирям ману бигзор бигирям" ном дорад. Намедонам онро Аҳмад Зоҳир барои кӣ гуфта бошад. Вале вақте ки онро ман месароям, танҳо барои Аҳмад Зоҳир онро месароям, - мегӯяд ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё