Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
IV. АҲМАД ЗОҲИР ВА ҲАВОДОРОНАШ
БИГЗОР БИГИРЯМ МАНУ
БИГЗОР БИГИРЯМ
Вақте садои ӯ баланд мешавад, ҳама ба сӯяш менигаранду мешитобанд. Ана, омад Аҳмад Зоҳири мо, ана сар кард, - мегӯянд. Дар як лаҳза ба гирди ӯ мардуми зиёде ҷамъ мешавад. Яке хоҳиш мекунад, ки "Бевафо ёрам"-ро хонад, дигаре "Агар ту ёраки ман бошӣ"-ро, саввумӣ "Шабҳои зулмонӣ"-ро. Ва ӯ даст ба рӯи тугмаҳои аккордионаш мебараду оҳиста онҳоро зер мекунад. Садои форами ӯву аккордионаш торҳои нозуки эҳсосоти ҳозиринро ба ларзиш меоранд.
Чӣ гуна хуб мехонад! Чӣ гуна гуворо!, - гӯён ба ваҷд меоянд онҳо ва дирамҳову сомониҳоро болои рӯймоли пеши пои овозхон оҳиста мегузоранд...
Абдуҳолиқ нобинои модарзод аст. Панҷоҳу ҳафт сол муқаддам вақте чашм ба дунёи рӯшан кушод, чизеро надид. Дунё бароиш яксон буд. Ҳама ҷо торик, пардаи сиёҳ. Бадин минвол рӯзҳо аз паси рӯзҳо, моҳҳо аз паси моҳҳо ва солҳо аз паси солҳо мегузаштанд...
Боре, 37 сол пеш садоеро мешунавад, ки он садо дар он лаҳза вуҷудашро такон медиҳад. Ӯ гумон мекунад, ки аз ин такон ё худ аз ин садо дар ботинаш эҳсосоти гуворе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё