Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
санъати овозхонӣ ӯ на танҳо дар истифодабарӣ аз асбобҳои мусиқӣ, на танҳо дар эҷоди оҳангҳо навигариҳо ворид кардааст, балки дар интихоби матн ҳам қолабҳои анъанавиро шикастааст. Барои мисол агар ба матнҳои интихобкардаи ӯ таваҷҷӯҳ кунем мебинем, ки онҳо тақрибан ҳама матнҳое ҳастанд, ки дар репертуари дигар овозхонҳо қариб, ки дида намешаванд. Албатта ба истиснои он таронаҳои машҳуру ҷовидонӣ ба мисли "Ай сорбон, оҳиста рон, к -ороми ҷонам меравад", сурудҳои иронии "Гули сангам", "Як дил мега буру, буру", сурудҳои фолклорӣ ва ғайраву ҳоказо. Қабл аз Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон аксари овозхонҳо маъмулан матнҳоеро интихоб мекарданд, ки онҳоро бисёриҳо аллакай медонистанд, дар байни мардум маъруфият доштанд. Ва овозхонҳо ҳамон матнҳои маъруфро ҳар касе бо оҳанги худ, бо равиши худ ва бо шеваи худ месуруд. Аҳмад Зоҳир бо овардани матнҳои нав, шеърҳои нав як навъ хизмате дар ривоҷи назми муосири форсӣ ва умуман адабиёти тоҷику форс кардааст. Масалан, мегӯянд дар Афғонистон ба ашъори шоираи машҳури эронӣ Фурӯғи Фаррухзод, ки ӯ низ ба таври фоҷиавӣ дар синни 33 солагӣ аз дунё чашм пӯшидааст, аксаран баъди он рӯ оварданд, ки Аҳмад Зоҳир шеърҳои ӯро ба оҳанг дароварда, хеле самимона сурудааст.
Бояд гуфт, ки баъди Абулқосим Лоҳутӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ Аҳмад Зоҳир аз ҳама бештар шеърҳои Фурӯғи Фаррухзодро ҳамчун тарона хондааст. Феълан 9 шеъри Фурӯғи Фаррухзодро мо дар репертуари Аҳмад Зоҳир пайдо кардаем. Аҳмад Зоҳир на танҳо матнҳоеро, ки дар қолаби назми анъанавӣ, яъне дубайтиву рубоӣ, ғазалу мухаммас, маснавӣ гуфта шуда буданд, ба оҳанг медаровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё