Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

сарам борон бибор».

Шеър ба Аҳмад Зоҳир маъқул мешавад ва хоҳиш мекунад, ки Султон Шоҳзода онро бароиш навишта диҳад. Султон Шоҳзода он шеърро навишта ба Аҳмад Зоҳир медиҳад. Баъд аз ин байни Аҳмад Зоҳир ва Султон Шоҳзода робитаи дӯстӣ барқарор мешавад. Аҳмад Зоҳир баъди чанд вақт суруди Султон Шоҳзодаро дар яке аз консертҳояш, ки дар ин ҷо муаллифи шеър низ ҳузур доштааст, бо як оҳанги хеле дилошӯб месарояд. Суруд ба ҳозирон писанд меояд.

Мутаассифона, дар байни он наворҳои сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки мо дар даст дорем, сурудеро, ки бо мисраи дар боло оварда шуда оғоз шуда бошад, пайдо накардем. Вале мо даъвои онро надорем, ки навори тамоми таронаҳои Аҳмад Зоҳирро шунидаем ва ё бо худ дорем. Шояд дар кадом як наворе, ки ба мо маълум нест, ин таронаи шоири дигари ширинсухани мо марҳум Султон Шоҳзода мавҷуд бошад.

Таронаҳои Аҳмад Зоҳир пурра мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Аз ин рӯ имрӯз бо қотеият гуфта наметавонем, ки дар байни онҳо дигар сурудҳое, ки бар матни шоирони тоҷик бошанд, мавҷуд ҳастанд ё нестанд. Ба ин саволи ҷолиб гузашти айём ҷавоби дақиқ хоҳад дод.

Вале имрӯз ҳаминро аниқ гуфтан мумкин аст, ки Аҳмад Зоҳир матни суруду таронаҳои худро аз эҷодиёти бештар аз 100 шоири форсу тоҷик интихоб кардааст. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки Аҳмад Зоҳир ҳамеша дар ҷӯстуҷӯву такопӯи эҷодӣ буд. Ӯ бисёр заҳмат мекашид, хуни ҷигар мешуд, то он таронаеро, ки имрӯз мову шумо бо ҳаловат мешунавему нашъа мебарем, эҷод кунад.

Бузургииву нотакрории Аҳмад Зоҳир дар он буд, ки дар

пешина
аз 338
навбатӣ