Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
СУЛТОНИ ҚАЛБҲО
Балхӣ бештар рӯй меовардагӣ шудаанд. Масалан Мадона, маъруфтарин хонандаи амрикой аз ғазалиёти Мавлонои Балх беш аз даҳ тарона таҳия карда мехонад. Вақте, ки сабаби ба ашъори Мавлавии Балхӣ рӯ оварданашро аз ӯ мепурсанд, мегӯяд: "Дар фарҳанги башар ба андозаи шеъри Мавлоно шӯри ишқ намеҷӯшад". Бале, ана ҳамин шӯру шарари ишқро, ки каломи мавзуни Мавлоно аз он моломол аст, - танҳо ошиқу орифи тавоное метавонад дарк намояд, ки Аҳмад Зоҳири бузург аз ҷумлаи онҳост.
ОШИҚ ШУДААМ ГУНОҲАМ ИН АСТ
Дар байни шоирони муосири форсу тоҷик Аҳмад Зоҳир бештар аз ҳама ба эҷодиёти шоири шаҳири эронӣ, сардафтари назми муосири тоҷик устод Абдулқосим Лоҳутӣ рӯ овардааст. Дар сӯҳбатҳо бо устод Ҷӯрабек Назриев Аҳмад Зоҳир сабаби ба эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдулқосими Лоҳутӣ бештар рӯ оварданашро чунин маънидод кардааст: "Ман аз он зиёд Мавлавиву Лоҳутӣ мехонам, ки гӯё ҳасби ҳоли мара кардаанд". Дар ҳоли ҳозир тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, Аҳмад Зоҳир 15 шеъри Абдулқосим Лоҳутиро дар шакли тарона ба ҳаводорони овозаш пешкаш кардааст. Аксари ин таронаҳо ду мавзӯъро дар бар гирифтаанд. Мавзӯи аввал пеш аз ҳама мавзӯи ишқист ва таронаҳои "Бути нозанинам маҳи меҳрубонам", "Ошиқ шудаам гуноҳам ин аст", "Ошиқам ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон", "Ёр аз дили ман хабар надорад", "Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам" ва ғайра дар ҳамин мавзӯанд. Мавзӯи дигар ин мавзӯи ватандӯстӣ - иҷтимоӣ аст. "Танида ёди ту дар тору пудам меҳан, эй меҳан", "Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё