Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Барои мисол Иқбол Раҳбари Тӯҳиро мегирем. Ин шоир тақрибан ҳамсоли марҳум Аҳмад Зоҳир буда, риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Матни чор суруди Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти ӯ гирифта шудааст. Ӯ феълан дар ИМА зиндагӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир бо истинод ба маводе, ки дорем, метавонем бигӯем, ки Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти орифи тавоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар аз 11 ғазалро ба оҳанг даровардааст, ки ҳар яке аз ин таронаҳо аз дигаре беҳтар аст. Ғазалҳои "Ай қавми ба ҳаҷ рафта куҷоед, куҷоед?", "Биёед, биёед ба майдони харобот", "Биёед, биёед, ки гулзор расида", "Ман ғуломи камарам ғайри қамар ҳеҷ мағӯ", "Пӯшида чун ҷон меравӣ", "Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун", "Биравед, эй ҳарифон, бикашед ёри моро", "Дидам нигори худро, мегашт гирди хона", "Маъшуқа ба сомон шуд, то бод чунин бодо", "Ман мастаму ту девона моро кӣ барад хона?", "Зи ҳамроҳон ҷудой маслиҳат нест" ва ғ.ҳ. аз ҳамон ҷумлаанд. Мувофиқи маълумоти наздикони Аҳмад Зоҳир, ба хусус апааш Зоҳира ва завҷааш Фахрия ӯ ба осори классикон, махсусан ба шуарои тасаввуф, асосан дар солҳои пеш аз маргаш рӯй оварда будааст.

Умуман Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи он овозхонҳои порсигӯ ҳаст, ки аз ҳама бештар дар репертуари худ ғазалҳои орифи бузург Ҷалолиддин Балхиро дар қолаби тарона ҷой додааст. Аксари мутахассисони соҳаи мусиқии афғонӣ дар ин назаранд, ки оҳангҳои Аҳмад Зоҳир шӯру сӯзиши ишқи Мавлоноро тавонистаанд бештар ва хубтар аз дигарон ба ҳаводорони савту суруд бирасонанд. Воқеан, имрӯз на танҳо форсизабонон, балки ҳунармандони соҳаи мусиқии дигар қавму миллатҳо ба тарҷумаи осори Ҷалолиддин

пешина
аз 338
навбатӣ