Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ки хонандаи азиз, аз навиштаҳои қаблӣ бароятон то андозае маълум гардид, дар ин самт низ баъди соли 1992 аз сӯйи муҳаққиқини осори Аҳмад Зоҳир чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом гирифтааст. Кӯтоҳакак онҳоро хотиррасон мекунем.
Соли 1992 нахустин китоби таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон бо номи "Боз омадам" чоп шуд, ки дар он 100 суруди Аҳмад Зоҳир бе баёни муаллифони матни ашъор, ба табъ расида буд. Соли 1994 дар Пешовари Покистон китоби "Танҳо садост, ки мемонад" ба нашр расид, ки дар он 185 суруди Аҳмад Зоҳир ҷой дода шуда буд, муаллифи 61 таронаи ин китоб зикр гардида буд. Ин таронаҳо маҳсули эҷоди қалами 33 шоир ба ҳисоб мерафтанд. Соли 2005 дар Душанбе қариб дар як вақт ду китоб ба нашр расид. Китоби Исфандиёр "Хунӣгари солҳову садаҳо", ки дар он аз эҷодиёти 47 шоир 96 таронаи Аҳмад Зоҳир гирд оварда шуда буд ва китоби каминаи камтарин "Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо", ки дар он феҳристи 351 суруди овозхон ва феҳристи 55 шоире, ки ашъорашонро Аҳмад Зоҳир хондааст, дарҷ шуда буданд. Дар ин китоб муаллифи матни 133 тарона муайян шудааст. Соли 2006 дар Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон китоби Муҳаммад Зоҳири Сипос бо номи "Китоби Ишқ" ба нашр мерасад, ки дар он 395 таронаи Аҳмад Зоҳир оварда мешавад. Муҳаммад Зоҳири Сипос муаллифи 140 шеърро муайян кардааст, ки ин муаллифон теъдоди 70 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Муҳаммад Зоҳири Сипос вариантҳои мухталифи ҳамон як сурудро, ки дар студияҳои гуногун дар вақтҳои мухталиф сабт шудаанд, ба ҳайси як суруди алоҳида ҳисоб кардааст, ки мо низ ин тарзи ҳисобро қобили қабул донистем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё