Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
номи худ нахондаам", - гуфтааст Аҳмад Зоҳир.
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло дар ин ҷо як пешниҳод мекунам. Барои ба чунин ҳарҷу марҷҳо роҳ надодан дар муайян кардани муаллифони оҳангҳо дар матбуот, радио ва телевизион, дар консертҳо, дар албомҳо, дар баробари ном гирифтан аз овозхон ва таронааш, инчунин ҳамеша аз муаллифони оҳанг матн ва соли сабт ва нахустнамоиши тарона ёдовар бояд шуд. Дар ин сурат боварӣ ҳаст, ки дар оянда чунин иштибоҳот рух нахоҳанд дод. Аз сӯи дигар чунин дақиқназарӣ барои мутахассисини ҳунари мусиқӣ дар корҳои тадқиқотиашон ба манфиат хоҳад буд.
БИРАВЕД, АЙ ҲАРИФОН,
БИКАШЕД ЁРИ МОРО
Эҷодиёти чунин як сарояндае ба мисли Аҳмад Зоҳир, ки дар аксари кишварҳои Шарқ маҳбубият дорад ва таъсири бузурге болои ҳунари овозхонии ин кишварҳо гузоштааст, сазовори он аст, ки мавриди омӯзиши амиқи мутахассисин ва мусиқишиносон қарор бигирад. То розу асрори комёбиҳо ва сабаби маъруфият ва маҳбубият касб кардани ӯ барои ҳама ифшо шавад. То бо истифода аз ин донише, ки аз ин пажӯҳиш ҳосил мекунем, истеъдодмандони дигаре дар ин мамолик ба қуллаҳои баландтари ҳунари мусиқӣ роҳ биёбанд.
Интихоб ва истифодаи ашъори шуаро дар эҷодиёти Аҳмад Зоҳир яке аз самтҳои асосии ин пажӯҳишҳо хоҳад буд. Барои ин ки самт дуруст омӯхта шавад, нахуст бояд донист, ки Аҳмад Зоҳир чӣ миқдор тарона дорад ва онҳоро чӣ теъдод шоирон навиштаанду онҳо киҳоянд. Чӣ тавре,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё