Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ бо истифода аз ду шеъри як шоир, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ мазмуни худро доштааст, Аҳмад Зоҳир таронаеро эҷод кардааст, он мазмуни наверо соҳиб мешавад. Дар шеъри "Ҳарҷой" мухотаби Фурӯғ ошиқи ӯ мебошад. Вале дар шеъри "Дар баробари Худо" ӯ бо Худованди мутаъол муноҷот кардааст. Мазмуни таронаи Аҳмад Зоҳир бошад ишқу муҳаббати софи инсонист.

Бояд гуфт, ки Аҳмад Зоҳир бо истифода аз матни шеъри зикршудаи "Дар баробари Худо" як таронаи дигари ҷолиби худ "Аз тангнои маҳбаси торикӣ"-ро низ сурудааст. Дар ин таронааш Аҳмад Зоҳир ҳамчун Фурӯғи Фаррухзод ба Худованд муроҷиат мекунад:

Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз мунҷалоби тираи ин дунё.
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав,
Оҳ, эй Худои қодири беҳамто.
Оҳ, эй Худо, чӣ гуна туро гӯям?
К - аз ҷисми хеш хаставу безорам.
Ҳар шаб бар остони ҷалоли ту,
Гӯӣ умеди ҷисми дигар дорам.

Нотакрории Аҳмад Зоҳир маҳз дар ҳамин аст, ки ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст, ҳамеша дар пайи эҷодкорона истифода бурдани матнҳову оҳангҳо мебошад.

Ба чӣ хотир мо ин қадар муфассал дар бораи тарзи интихоби шеър дар фаъолияти овозхонии Аҳмад Зоҳир истода гузаштем? Ин танҳо ба он хотир аст, ки мутаассифона, чунин муносибати заҳматталабонаро мо дар фаъолияти аксари овозхонҳои ҷавону боистеъдоди имрӯза намебинем.

пешина
аз 338
навбатӣ