Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Гар биёӣ, диҳамат ҷон, в-ар наёӣ, кушадам ғам, Ман, ки боист бимирам, чи биёӣ, чи наёӣ.

Суруди машҳури Аҳмад Зоҳир "Аз пеши ман бирав, ки дилозорам" дар асоси матни ду шеъри Фурӯғи Фаррухзод "Ҳарҷой" ва "Дар баробари Худо" эҷод шудааст. Аҳмад Зоҳир ба сифати нақороти сурудаш чор мисраи аввали шеъри "Ҳарҷой"-ро гирифтааст:

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам.
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ба ин чор мисраи аввал дар нақорот боз ду мисраи зерини шоири номаълумеро илова мекунад:

Ман нокомам нокоми ишқат,
Ман бадномам бадноми ишқат.

Сипас банди дуввуми таронаро Аҳмад Зоҳир аз шеъри дигари Фурӯғи Фаррухзод "Дар баробари Худо" меорад:

Дил нест ин диле, ки ба ман додӣ,
Дар хун тапида, оҳ, раҳояш кун.
Ё холӣ аз ҳавову ҳавас дораш,
Ё пойбанди меҳру вафояш кун.

пешина
аз 338
навбатӣ