Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Сипас баъди сурудани матлаъи ғазал Аҳмад Зоҳир дар ин варианти сурудаш ду байти зеринро ба ин тартиб овардааст:

Гар биёӣ диҳамат ҷон, вар наоӣ кушадам ғам,
Ман, ки боист бимирам, чӣ биёӣ, чӣ наёӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан ки чунин хуб чарой?

Дар варианти сеюми ҳамин тарона (сабти ширкати "Ориён-музик") Аҳмад Зоҳир бе ягон "рез" се банди мухаммаси шоири тавоно Муҳаммадҳусейни Шаҳриёрро ба ҳамин ғазали Саъдии Шерозӣ дар ҳамовозӣ бо оркестри радио ва телевизиони Афғонистон мехонад. Банди аввали ин варианти тарона чунин матн дорад:

Ай, ки аз килки ҳунар, нақши дилангези Худой,
Ҳайф бошад, маҳи ман к -ин ҳама аз меҳр ҷудой.
Гуфта будӣ ҷигарам хун накунӣ, боз куҷой?
"Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафой,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандиву наой".

Ҳамин тариқ Аҳмад Зоҳир аз 13 байти ғазали Саъдии ширинсухан ҳафт байт ва аз 11 банди мухаммаси Шаҳриёр се бандашро дар таронаҳояш хондааст. Бо вуҷуди ин мо дар яке аз ҳамин ҳашт таронааш байтеро мешунавем, ки он на дар миёни 13 байти ин ғазали машҳури Саъдии бузургвор ҳасту на дар байни 55 мисраи мухаммаси Шаҳриёр. Ва чӣ байте:

пешина
аз 338
навбатӣ