Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

як суруди машҳури Аҳмад Зоҳир "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ" мавҷуд аст. (Акнун тибқи ҳисоби нав ҳашт суруди алоҳида) Дар вақти сароидани ин ғазали хеле зебои Саъдии Шерозӣ интихоби байтҳо дар ҳар варианти суруд гуногун аст. Барои мисол дар як варианти суруд (албоми рақами 1, ширкати "Афгонмузик") барои дар оғози тарона "рез" гуфтан Аҳмад Зоҳир ин байти ҳамон ғазалро интихоб кардааст:

Гуфта будам чу биёӣ ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ғамам аз дил биравад чун ту биёӣ.

Баъдан дар давоми ҳамин варианти тарона Аҳмад Зоҳир пас аз сурудани матлаъи ғазал, ки ба сифати нақорот интихобаш кардааст, боз ин ду байти зеринро ба ин тартиб ба оҳанг даровардааст:

Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Куштани шамъ ба чӣ ҳоҷат бувад аз бими рақибон,
Партави рӯи ту гӯям, ки ту дар хонаи мой.

Дар варианти дигари ҳамин суруд (албоми 4, ширкати "Афгонмузик") овозхони машҳур ба сифати "рез" байти дигари ин ғазалро интихоб кардааст:

Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон, Ин тавонам, ки биёям ба маҳалат ба гадой.

пешина
аз 338
навбатӣ