Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Мо бо овардани ин мисол мехоҳем онҳо бубинанд, ки овозхони дӯстдоштаашон ба масъалаи интихоби матни суруд чӣ гуна ҷиддӣ муносибат мекардааст, чӣ гуна ин корро саҳл намедонистааст. Бо таАССУФ мегӯем, ки имрӯз фонограмма агар аз як сӯ сарояндагонро танбалу камҳавсала карда бошад, аз тарафи дигар ҳаводорони суруду таронаҳоро аз як чизи хеле муҳим, аз дарки ҳолати рӯҳии овозхонашон, дар ҳамон лаҳзаи сурудхонӣ маҳрум кардааст. Имрӯзҳо дар аксарияти консертҳо овозхонҳо сурудҳоеро барои ҳаводоронашон мехонанд, ки онҳоро ками кам 3 ё 4 моҳ қабл сабт кардаанд. Баъзан мешавад, ки дар консертҳо таронаҳои ҳатто 1 ё 2 сол қабл сабтшуда ҳам аз тарафи ин ё он овозхон суруда мешавад. Дар замони Аҳмад Зоҳир фонограмма набуд, аниқтараш худи фонограмма вуҷуд дошт, вале онро ба ин шакле, ки имрӯз истифода мекунанд, истифода намебурданд. Зеро овозхонҳо дар он замонҳо бо мухлисонашон тавассути сурудҳояшон дар гуфтугӯ ё мусоҳиба буданд. Мухлис метавонист дар худи ҳамон консерт дархост намояд, ки овозхон фалон суруди дӯстдоштаи ӯро, ки фаразан 5 - 6 сол пеш эҷод карда буд, бисарояд. Аҳмад Зоҳир ҳам барои он ки сафи мухлисонаш зиёд шавад, барои он ки дар консертҳояш ҳаводорон чизи зиёдтар аз фонограммаҳои мавҷудааш, яъне сабтҳои магнитофониаш бигиранд, ба чунин навовариҳо ва эҷодкориҳо мунтазам даст мезад. Яке аз сабабҳои маҳбубияти беандоза бузург касб кардани Аҳмад Зоҳир ҳам маҳз дар ҳамин аст.

пешина
аз 338
навбатӣ