Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
АЙ КИ АЗ КИЛКИ ҲУНАР НАҚШИ
ДИЛАНГЕЗИ ХУДОЙ
"Овози хуб, матни хуб ва оҳанги хуб инҳо се омиле ҳастанд, ки дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ суруди аълоро ба вуҷуд меоранд ва он тарона ҳатман мақбули дилҳо мешавад", - мегуфт ҳамеша Аҳмад Зоҳир, - ба хотир меоранд дӯстону алоқамандонаш. Дар ҳақиқат, Худованд ба Аҳмад Зоҳир дар баробари додани овози хуб, қобилияти дарк кардану эҷод намудани оҳанги аъло, боз фаҳмишу идроки интихоби матни хубро ҳам барои сурудҳояш ато карда буд.
Ӯ маъмулан матнҳои суруду таронаҳояшро худаш интихоб мекард. Дар ин кор дониши хубаш ба ӯ мусоидат менамуд. Ӯ донандаи хуби адабиёт, махсусан назми классикӣ ва назми муосири форсу тоҷик буд.
Муҳаққиқи афғоншиноси тоҷик Зафар Мирзоев, ки аз
соли 1970 то соли 1975 дар Афғонистон ифои вазифа намуда, борҳо аз сӯҳбати Аҳмад Зоҳир файз бурдааст, дар
як мақолаи худ дар рӯзномаи "Чархи гардун" (15.06.2001)
дар ҷавоб ба саволи сирри дар байни мардум маҳбубият
пайдо кардани Аҳмад Зоҳир дар чӣ будааст, чунин ҷавоб
гуфтааст: "Ба назари мо пеш аз ҳама ӯ бо тозаофаринӣ
маҳбубият пайдо кард. Ва рӯи ҳамин ангеза буд, ки бо як
ҳаверсала ва таваҷҷӯҳи хос ба шеъри шоирони классик ва
муосири форсӣ оҳангу таснифҳои ҷолибу бикр бастубандӣ
мекард. Қобили тазаккур аст, ки аввалан худаш шеърро,
вазни арӯзро хеле хуб мефаҳмид. Далели ин матлаб он аст,
ки ҳангоми хондани таронаҳо, на танҳо ҳиҷо, балки нимҳиҷову

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё