Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
аз нав ҳисобу китоб гузаронидем ва як омори хеле ҷолиберо барои худ кашф намудем, ки инак пешкаши шумо, хонандаи азиз, мекунем.
Аввалан теъдоди таронаҳо ба сабаби ҳамчун суруди алоҳида ба ҳисоб гирифтани вариантҳои ҳамон як суруд, хеле афзуд. Масалан, оқои Сипос дар феҳристи худ сабти чор суруди "Лайлӣ Лайлӣ Лайличон дилима кардӣ вайрон" пешниҳод кардааст. Мо дидем, ки дар бойгонии мо шаш сабти мухталифи ҳамин суруд мавҷуд аст. Яъне ба иловаи он чӣ оқои Сипос пешниҳод кардааст, боз ду суруди дар маҳфилҳои дигар сабтшударо низ мо маҳфуз дорем. Ҳамин тариқ, барои мисол, мо шаш сабти мухталифи таронаи "Ҳама ёронам ба парешонӣ"-ро дорем, вале мӯҳтарам оқои Сипос чор суруди гуногуни "Ҳама ёронам ба парешонӣ"-ро ном гирифтааст. Ё худ мо ҳашт сабти мухталифи суруди "Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ"-ро дар бойгонии хеш ҳифз кардаем, оқои Сипос се сабти гуногуни ин сурудро нишон додааст. Хулоса, баъди ҳисобу китоб бо усули нав мо дар бойгонии хеш гуфта метавонем, ки беш аз 600 таронаи дарии Аҳмад Зоҳирро ба ҳисоб гирифтем. Вале ҳисобу китоб, кофтуковҳо ҳанӯз ҳам идома доранд. Бештар аз дусад фитаи сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки тӯли солиёни дароз аз кишварҳои гуногун бо роҳҳои мухталиф гирдоварӣ шудаанд, интизори онанд, ки бори дигар бо таваҷҷӯҳи бештаре онҳо мукарраран шунида шаванд. Агарчӣ ин фитаҳо аксаран такрори ҳамдигаранд, вале миёни онҳо таронаҳое низ буда метавонанд, ки тибқи усули нави баҳисобгирӣ муҳиманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё