Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ва дарди нав дорад. Агар суруди кӯҳнаашро дар ҳамон оҳанги кӯҳна хонда бошад ҳам, вале онро бо тобишу таровати нав хондааст.

ҲАР ЯК СУРУДИ АҲМАД ЗОҲИР
ЯК КИТОБ АСТ

Аслан ҳар як суруди Аҳмад Зоҳир мисли як китоб аст. Чуноне, ки як китобро такроран мехонӣ сухани тоза аз он кашф мекунӣ, таронаҳои Аҳмад Зоҳир чунин як хусуриятро доро ҳастанд. Ҳар боре ки онҳоро мукарраран мешунавӣ чизи наверо барои худ пайдо мекунӣ. Бале, вақте, ки ӯ сурудҳои қаблиашро баъди солҳои тӯлонӣ аз сари нав бо созу асбобҳои дигар мехонад, адиберо мемонад, ки барои хонандааш, на нашри навбатии ҳамон як китоби қаблӣ, балки китоби наверо эҳдо мекунад.

Агар ҳамаи ана ҳамин нуқтаҳоро ба назар бигирем, ба андешаи мо, баҳисобгирии теъдоди таронаҳои Аҳмад Зоҳир тибқи шеваи оқои Сипос дурусттар мебошад. Аммо мо дар тафовут аз оғои Сипос ҷонибдори он ҳастем, ки кӯчактарин эҷоди Аҳмад Зоҳир, бигузор суруди нотамом бошад, ё ҳатто навораш набошад, вале дар хусуси вуҷуд доштани он иттилои муассиқ бошад, ё бигузор дар наворҳои пастсифат ҳам бошад, он суруд ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад. Зеро доштани иттилои тоза имкон медиҳад, ки ҷодаи пажӯҳишҳо бозтар шавад, шояд дар оянда муҳаққиқоне пайдо шаванд, ки бо истифода аз ин кӯратарин маълумотҳои пешниҳод кардаи мо боз пештар бираванд ва асрори ҳунари ин бузургтарин хунёгари форсзабони қарнро ба алоқамандонаш кушода бидиҳанд.

Аз ин рӯ мо дар бойгонии хеш тибқи усули оқои Сипос

пешина
аз 338
навбатӣ