Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

танҳо ҳини таҳлилу баррасии мавзӯъҳои мухталифи эҷодиёт ва зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир ба инобат мегирифтем.

Аз сӯйи дигар оқои Сипос дар китоби хеш танҳо таронаҳоеро ворид кардааст, ки сабтҳои пурраи хешро доштаанд ва сифати сабтҳо низ хуб будааст. Аз овардани сурудҳои нопурра ва ё сурудҳое, ки наворашонро надоштааст, сурудҳои наворҳояшон пастсифат худдорӣ кардааст. Мо бошем дар феҳристи хеш ҳам таронаҳои нопурраро ворид кардем, ҳам он таронаҳоеро, ки сифати сабташон хуб набуд ва ҳам ҳатто он сурудҳоеро, ки бо вуҷуди надоштани навор аз мавҷудияти онҳо иттилои дақиқе дар даст доштем.

Акнун саволе ба миён меояд, ки кадом тарзи баҳисобгирии таронаҳои Аҳмад Зоҳир дуруст аст? Тарзу усули оқои Сипос ва ё тарзу усуле, ки мо пеш гирифта будем? Ба ин савол ошкоро, бидуни истиҳола ҷавоб медиҳам, ки тарзу шеваи баҳисобгирии оқои Сипос дурусттар аст. Барои чӣ? Барои он ки сабти дубораи ҳар як суруди кӯҳна, махсусан баъди муддати зиёде бо истифода аз созҳои дигар ва ё бо тағйирот ё иловаҳое ҳам дар матну ҳам дар оҳанг, баъзан бо даровардани ислоҳ дар ноқисиҳои матну оҳанг, албатта кори заҳматталаб аст. Яъне баробари эҷоди як суруди нав дар он меҳнат сарф мешавад. Аз сӯйи дигар бидуни шак онро овозхон бо табъу рӯҳияи тоза месарояд. Зеро он дар замони дигар суруда шуда ифодакунандаи ҳолати рӯҳии ҳамонлаҳзаина ва ҳамондавраинаи овозхон аст. Ҳар як суруди кӯҳнаи Аҳмад Зоҳир, ки бори дигар аз сӯйи ӯ хондаву сабт шудааст, ин ба ҳеҷ ваҷҳ такрори ҳамон суруди қаблӣ нест. Он ҳатман дар худ як сӯзи нав, андешаи нав

пешина
аз 338
навбатӣ