Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
доранд, дар ҷамъбаст, 163 сурудро ташкил медиҳанд. Агар мо аз рақами 395 адади 163-ро тарҳ кунем, 232 боқӣ мемонад. Яъне, назар ба пешниҳоди оқои Сипос 232 таронаи Аҳмад Зоҳир яквариантӣ, ё худ якборӣ сабт шудаанд. 232 суруди яквариантӣ ҷамъи 75 суруди бисёрварианта ин мешавад 307 суруд. Яъне, агар мо вариантҳои 75 таронаи мазкурро суруди алоҳида ҳисоб накунем, пас тибқи феҳристи оқои Сипос, Аҳмад Зоҳир 307 суруди дарӣ хондааст. Агар вариантҳои як сурудро ҳар кадомашро суруди алоҳида ҳисоб кунем, пас тибқи омори оқои Сипос теъдоди сурудҳои ба забони дарӣ хондаи Аҳмад Зоҳир 395-то мешавад.
ҲИССОБИ СИПОС ДУРУСТ АСТ?
Мо барои чӣ ин қадар муфассал дар бораи теъдоди таронаҳои дарии Аҳмад Зоҳир, ки оқои Сипос пешниҳод кардааст, сухан гуфтем? Ин корро мо ба он хотир кардем, ки нависандаи ин сатрҳо дар китоби хеш "Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо", ки соли 2005 дар Душанбе дар нашриёти "Диваштич" ба нашр расида буд, омори дигархелтареро пешкаш кардааст ва барои нодурустфаҳмӣ нашавад, мехоҳем дар ин бора андаке бештар шарҳу эзоҳ бидиҳем. Дар китоби мо теъдоди тамоми сурудҳои Аҳмад Зоҳир: дарӣ, пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ 351 нишон дода шудааст, ки аз ин миқдор 328 адад таронаи он дарӣ мебошад. Вале усули баҳисобгирии мо дар он китоб дигархелтар буд. Мо ҳар як таронаро новобаста ба он, ки он кай, дар куҷо, чанд бор сабт шуда буд, ҳамчун як тарона як бор ҳисоб кардем. Вариантҳои ҳамон як таронаро ҳамчун як суруди алоҳида ба ҳисоб нагирифтем. Вариантнокии таронаҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё