Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

Таҳлили феҳристи тартибдодаи оқои Сипос нишон медиҳад, (ин таҳлил аз сӯйи мо сурат гирифтааст. С.Ҳ.) ки муаллифи "Китоби ишқ" ҳамон як сурудеро, ки мукарраран дар чанд студия ё маҳфилҳо сабт шудааст, ба сифати як суруди алоҳида ҳисоб кардааст. Масалан, бино ба навиштаи ӯ суруди "Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ" дар студияи радиои Кобул, студияи "Афғон Музик" ва боз дар ду базми маҳфилӣ сабт шудааст. Яъне ба қавле чор вариант дорад. Вале оқои Сипос ҳар яке ин сабтро варианти як суруд не, балки як суруди нав, як суруди алоҳида ҳисоб кардааст. Ё худ суруди "Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон, дилима кардӣ вайрон" низ назар ба пешниҳоди оқои Сипос чор навори ҳархела доштааст. Аҳмад Зоҳир як бор ин сурудро дар студияи радиои Кобул сабт кардааст. Дафъаи дигар бо дигар созҳои мусиқӣ, бо каме тағйирот дар студияи "Музик Сантр" онро ба навори аудиоӣ гирифтааст. Бори дигар якҷо бо овозхони маъруфи афғон шодравон хонум Жило дар студияи "Афғон Музик" дар шакли дуэт онро ба ёдгор гузоштааст. Боз навори маҳфилии ин тарона низ маҳфуз аст, ки онро Аҳмад Зоҳир дар Пешовари Покистон хондааст.

Хулоса, аз 395 таронаи ба забони дарӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир, ки оқои Сипос дар "Китоби ишқ" овардааст, се суруд дар чор вариант, 13 суруд дар се варианти мухталиф ва 59 суруд дар ду варианти гуногун омадааст. Яъне 75 суруд аз ин рӯйхат дуборӣ, себорӣ ва чорборӣ такрор шудааст. Азбаски ин сурудҳо дар студияҳои гуногун дар вақтҳои мухталиф сабт шудаанд, такрор мекунам, муаллиф ҳар яке онро як суруди алоҳида ҳисобида ба феҳристи худ дохил кардааст. Ҳамин тариқ 75 суруде, ки чор, се, дувариантӣ

пешина
аз 338
навбатӣ