Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

нимсадоро тақтеъ карда, аз як рукн ба рукни дигар мегузаронд. Сониян, оҳанги таснифу таронаҳояш, ҳаракаташ рӯи саҳна, бо мазмуни шеър ҳамеша ва ҳатман мутобиқат дошт. Масалан, агар як шеъри тасаввуфиро оҳанг мебаст, дар он оромӣ, пайвастагии инсон ба Худо (тавре, ки орифон мехонанд) эҳсос мешуд. Мисли таронае, ки бар ғазали Шамси Табрезӣ сурудааст:

Ай қавми ба ҳаҷ рафта куҷоед, куҷоед?
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед".

Оҳангсоз устод Салими Сармаст ба ин паҳлӯи эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ишора карда ба хабарнигорон гуфтааст: "Дар интихоби шеърҳо мӯъҷиза мекард, доимо дар китобхонаи адабиёти хеш ба мутолиа банд буд". Ин нуктаро бисёриҳо таъкид кардаанд. Бисёриҳо дар бораи он гуфтаанд, ки ӯ китобхонае дошт иборат аз ҳашт ҳазор ҷилд китоб. Дӯстону наздиконаш агар ӯро дар утоқи тамринаш намеёфтанд, пас ҳатман дар канори "аниси кунҷи танҳоӣ" пайдояш мекарданд. "Яке аз шарикдарсони дорулфунунии Аҳмад Зоҳир Анвар Осил ҳикоя мекунад, ки овозхони номӣ баъзан сари суруде моҳҳо кор мекард. Вай он ғазалро то ҷузъитарин ташбеҳу кинояаш меомӯхт, ба умқи маънии он фурӯ мерафт, муддатҳо аз ҳавои он нафас мегирифт, аз оби он нӯш мекард, дар кӯчаву пайраҳааш қадам мезад ва танҳо баъди ин савту лаҳни варо меҷуст. Навое меёфт, ки аз магзи ғазал берун ояд ва ғазал низ дар магзи оҳанг ғарку маҳлул шавад". (китоби "Боз омадам" с.115).

Аҳмад Зоҳир дар ин бобат боз як хусусияти аз овозхонҳои дигар фарқкунанда ҳам дошт. Пеш аз ҳама ба маънии

пешина
аз 338
навбатӣ