НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
тарбияти насли худ аз он ба таври бояду шояд суд намебардоранд.
Ба вуҷуд омадан ва эҷоди мушкилот, ки он иртибот ба наврасон дорад, бояд падару модаронро бефарқ нагузорад. Аз ин ваҷҳ, дар ҳалли масъалаҳои пургиреҳ ва гуногун, ки аз сӯи фарзандон рӯи кор меояд ва дар баробари ин баҳсталаб низ мебошанд, ба таври фаврӣ доир намудани ҷаласаи хонаводагӣ судовартар аст. Зеро дар ҳалқаи ҳар нафар аз аъзои хонавода метавон ба ҳамаи норасоӣ ва номафҳумиҳои рухзада рӯшанӣ андохт ва аз андешарониҳои онҳо хулосаҳои мантиқӣ баровард. Дар мавриди тавлид ёфтани мушкилӣ ва дарёфти ҳалли он ба инобат гирифтани фикри ҳар яке аз аҳли хонавода муҳим ва аз аҳамияти махсус бархурдор аст. Ба иборати дигар атрофи ин ё он масъалаи мубҳам гӯш фаро додан ба гуфтугӯи ҳамдигар боис ба он мегардад, ки мушкилӣ мӯшикофона ва саривақт мавриди пешгирӣ қарор ёбад. Аз сӯи дигар зикри ин нукта муҳим аст, ки наврасон ба гуфтор ва раҳнамоии калонсолон ниёзманд ҳастанд ва дар танҳоӣ қудрат ва тавонмандии бартараф намудани монеаҳоро доро нестанд. Ҳамчунин ҷаласаи хонаводагӣ дар фазои шаффофият ва тафоҳум сурат бандад ва байни ҳам иззату эҳтироми аъзоёни оила мақоми хосро соҳиб гардад. Падару модарон дар парваришу тарбияти ҳаматарафаи фарзандони худ аз равишҳои гуногун, ки дар такомулёбии хулқу атворашон таъсири мусбат бар ҷой мегузоранд, ба таври густурдатар истифода баранд. Ҷиҳатҳои номатлуб ва ноҳоста дар рафтору кирдори наврасон огоҳонаву ноогоҳона шомил мегардад, ки дар рафъи он волидон набояд хешро дар ғофил монанд. Пӯшида нест, ки баъзе аз ҳаракатҳои ноҷои фарзандон аз назари волидон пинҳон мемонад ва шояд замоне рӯ мезанад, ки дар ислоҳи он кореро анҷом додан ҳам номумкин гардад. Шеваи тадбир он аст, ки ҳаматарафа хусусиятҳои фарзандро омӯхта, аз паи ислоҳи он ҷидду ҷаҳд намудан лозим меояд. Таваҷҷӯҳ ба он дода шавад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё