Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳар як наврас маҳсуб меёбанд. Ҳамин нуқтаро бо таъкид бояд илова дошт, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳеҷ сурат усули танбеҳ ва тарсонидан ба кор гирифта нашавад. Корбурди ин шева эҳсоси нороҳатӣ ва нигаронкунандаро дар ниҳоди наврасон такон медиҳад ва аз дигар сӯ, ҳисси интиқомҷӯиро дар вуҷудашон бедор мекунад, ки фарҷоми он боиси истироб мегардад. Ба маҳкамаи ислоҳотӣ кашидан ва ё танбеҳи баданӣ додани наврасони мактабгурез роҳи ҳалли мушкилот буда наметавонад. Балки роҳеро бояд ҷуст, ки дар қазоват ва шинохти ин қазия моро роҳнамоӣ кунад ва бозгӯкунандаи ҳалли фасли мушкилоти ба амал омада бошад. Шоистатар он аст, ки бо фаҳмондадиҳӣ ва доир намудани нишастҳои маърифатӣ бо онҳо муносибат намуда, дар роҳи ба дурусткориву созандагӣ ҳидоят намудани наврасон кори шоёни таҳсинро анҷом додан судбахш хоҳад буд.

Ин навиштаҳо тааллуқ ба он ашхосе дорад, ки аз ноиложӣ ба фаъолияти сангини меҳнатӣ пардохта, аз мактабравӣ муваққатан бозмондаанд. Вале дар ин қатор боз ба онҳое вомехӯрем, ки даст ба корҳои зишту ношоям, яъне ба дуздиву ғоратгарӣ зада, ба тадриҷ ин рафтори онон ба ҳукми одат даромадааст. Бо ин гурӯҳ аз наврасон фаъолияти тарбиявӣ бурдан хеле душвортар аст. Ба ҳар гуна аъмоли нописандида рағбат пайдо кардани онҳо омилҳои гуногунеро дар пай дорад, ки метавон ин падидаҳоро ба тарзи зайл тақсимбандӣ намуд:

— аз назорати пурраи волидон ва атрофиён дар канор мондан;

— ҳамнишинӣ бо ашхоси содиркунандаи гуноҳ;

— аз тарафи мактаб суст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ;

— ба мустақилияти густурдаи онҳо мусоидат намудани волидон;

— саҳлангорӣ ва беэътибории кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра.

Муваффақтарин макон барои камолёбии наврасон аз ҷиҳати тарбиявӣ мактаб мебошад. Рӯ ба таҳсилоти фарогир

пешина
аз 54
навбатӣ