НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
худтакмилдиҳии наврасон заминаи мувофиқ фароҳам меорад. Мавзӯъҳои ахлоқи мушаххас, таъсиргузор ва моҳияти тарбиявӣ дошта бошад, то ки ба ғановати маънавии наврасон нақши амиқ бар ҷой гузошта тавонад, аз дигар тараф, низоми ба роҳ мондани сӯҳбатҳои ахлоқӣ, ки дар шакли фардӣ бештар сурат мегирад, бояд таҳти назорати шахсони масъул қарор дода шуда, огоҳона аз натоиҷи он дар мавриди ҳалли мушкилот ба маърази таҳлил ва баррасӣ кашида шавад.
Ҳамон тавре ки дар боло ишора рафт, ин гурӯҳи наврасонро дар радифи хонандагони душвортарбия ва густохрафтор қарор додан номумкин аст. Барои он ки ин тоифа фарзандон бо айби волидайн, бахусус падарони хеш ва бо мӯҷиби ба тақдирашон пайвастани қисмати номакбул, ки тавлидкунандаи ин қазия дар ҳаёташон гардидааст, онҳоро ногузир аз мактабхонӣ маҳрум сохтааст. Аз он боис, ки онҳо ин роҳро аз рӯи ҳавас ва назарфирибӣ интихоб накардаанд. Ба тасаввури онҳо низ гурез аз мактаб ва ба шуғле побанд будан фақат иҷроиши амри зарурат асту халос. Ҳамон замон, ки ниёзҳои моддии худро ба эътидол оварда тавонанд, пасон имкони идомаи таҳсилро пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ба вуҷуд овардани фазои солим ва муҳити созгор вазифаи аввалини ҳар як фарди ҷомеаи мост, ки бояд мо онро ба ҳар арзише набошад, баҳри ояндаи дурахшони фарзандон муҳайё намоем.
Ба ҷаҳони ботинии ин қабил ашхос ошноӣ пайдо намудан, аз ҷиҳати ақлониву рӯҳонӣ омӯхтан, ба роҳи дурусту мустақим ҳидоят намудан ва ба ҳаёти мактаб ворид шудани онҳо мусоидат кардан аз ҷумла масъуриятҳоест, ки ҳеҷ касро бояд бетараф нагузорад. Беҳтарин тадбир он аст, ки хислат ва сифатҳои вежаи ин наврасон дар алоҳидагӣ омӯхта шавад ва дар раванди тарбият мушаххасии тафаккур ва ҳолати рӯҳии онон ба инобат гирифта шуда, ба кӯмаки моддӣ ва маънавии онҳо камари ҳиммат гуморидан вазифаи дастҷамъонаи аҳли ҷомеа аст.
Вобаста ба ин матлаб бояд афзуд, ки дар кори тарбияи наврасон даҳолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро онҳо ҳимоятгари воқеии ҳуқуқҳои шаҳрвандии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё