НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
намоянд. Ин ӯҳдадории виҷдонии ва инсонии ҳар яке онҳо мебошад.
Вагарна фардо фарзандон хатои онҳоро нахоҳанд бахшид. Фарзандон лутфу иноят ва роҳнамоии волидонро ҳамеша хоҳон ҳастанд ва дар бароварда сохтани хостаҳояшон рӯи ниёз ба сӯи онҳо меоранд. Наврасон шунидани сухани малеҳ ва рӯҳнавозро аз волидони худ интизор мебошанд. Дар баробари ин падару модарон низ шавқманди онанд, ки фарзандони ҳалиму фурӯтан ва хушёру фаросатманд ба воя расонанд, ки ҳаргиз ба аъмол ва кирдорҳои номуносиб иқдом нанамоянд. Аммо ба тасаввури кас намегунҷад, ки наврасони аз тарбияти волидон дурафтодаро кӣ таҳти сарпарастӣ мегирад ва баҳрашон роҳи дурусту ростро нишон медиҳад. Ин раҳгумзадагон ниёзманди дастгириву ғамхории ҳамешагии ҳамагон мебошанд.
Аз мактаб дур мондани наврасоне, ки бо сабабҳои гуногун машғул ва саргарми коре ҳастанд, аз ҷумлаи дардноктарин иллатҳои дармонталаби аксарияти муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Ҷалби пурраи онҳо ба мактаб кори саҳлу осон ҳам нест. Дар айни ҳол дарсгурезӣ ва ё умуман ба мактаб фаро гирифта нашудани наврасон, ки онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ба гурӯҳи хонандагони душвортарбия шомил намуд, ба роҳбарият ва тарбиядиҳандагони мактабҳо низ душвориҳои зиёдеро пеш овардааст. Чунин ба назар мерасад, ки кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи маъмурияти мактабҳо дар ин ҷода натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Чунин шахсони аз мактаб берун монда бо пеш овардани баҳонаҳои фаровон майлу рағбати дарсхонӣ надоштанашонро бо тариқаҳои мухталиф изҳор менамоянд. Дар ин марҳила фаҳм ва дарк карда тавонистани олами ботинии ин тоифа наврасон ва омилҳои ба вуҷудоии ин пешомадҳои нохостаро ҷустан лозим ва зарур меояд.
Барои мисол наврасеро пеши дида меорем, ки аз паи дарёфти ризқи рӯзӣ афтода, дар бозори фурӯши сабзавот ба аробакашӣ машғул аст. То модари муштипару фарзандони аз навозишу марҳамати падарона маҳрум мондаашро бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё