Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

додан ба ҷавонони имрӯзӣ на ҳама вақт ба фоидаи кор мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки бархе аз мактаби инсоншиносӣ нагузаштаанд, аз нозуктарин меъёрҳои ахлоқӣ огоҳӣ надоранд ва худ ба тарбияи фарогир ниёзманд ҳастанд. Ин як тарафи масъала аст. Аз дигар тараф ҷавони навкисаву ҳарис бо пулёбиаш мағрур гардида, ҳатто падару модар ва аҳли хонаводаашро ба худ вобаста кардааст. Ба андешаи ӯ, ки аҳли хонавода бояд ба гуфтори ӯ гӯш андозанд ва дар амалӣ сохтани хостаҳояшон монеа эҷод накунад. Дар ин ҳолат тасмим ва интихоби ӯ ногузир ба сари дигарон таҳмил мегардад. Ин қабил ашхоси мағруру шуҳратхоҳ ба тарбияи фарзандони худ низ бо ҷиддият муносибат намекунанд.

Назарпурсии пажӯҳишгарон собит сохтааст, ки модарон бо масъулиятмандӣ ва вазифашиносии ҳар чӣ тамомтар дар тарбияи наврасон ҷаҳду талоши муассирро ба кор мебаранд. Вале дар ин ҷода канорагирии падарон дар бобати тарбияст бештар эҳсос мегардад. Ҳамсарони худро масъули тарбияи фарзандон медонанд ва бо баҳонаҷӯии бемавқеи худ аз тарбияи авлодашон дур буданро авлотар меҳисобанд. Пайравони ин андешаи нописандида дар замони кунунӣ кам нестанд. Дар ин мавриди ба ёд овардани суханони мураббии шинохта В. А. Сухомлинский равост, ки фармудааст: «Агар мо барои тарбияи фарзанд вақт наёбем, пас барои инсон шудан ҳам вақт надорем».

Вазифаи парваришу тарбияи фарзандонро ба дӯши шахси бегона гузоштан ва бо умед ба он нигаристан аз нотавонӣ ва очизии волидайн дарак медиҳад. Парвариши фарзандонро ба дигар кас ҳавола намуда, роҳи муҳоҷиратро интихоб намудани иддае аз ҳамзамонони мо нишонаи дарк накардани масъулият дар баробари фарзандон ва ояндаи онҳо буда, натиҷае бор меорад, ки як умр онро ислоҳ кардан ғайриимкон мегардад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст ва онҳо метавонанд, ки раҳму шафқатро дар қалбашон ҷой дода, фикри ояндаи фарзандон кунанд ва дасти муҳаббату садоқати худро ба сари фарзандон гузаронанд. Ҳимоят аз нангу номуси хонаводаи худ карданро дар ниҳодашон парвариш ва бедор

пешина
аз 54
навбатӣ