Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
Афсонаи “Элиза ва қувони ваҳшӣ” саргузашти шоҳдухтар Элиза ва бародаронашро нақл мекунад. Ҷодугарзан бародарони Элиза — шоҳзодаҳоро ҷоду карда, онҳоро ба қувон табдил медиҳад.
Душвориҳое, ки Элиза аз сар мегузаронад, касро ба ҳайрат меоранд. Шоҳдухтар Элиза дар ин асар хислатҳои наҷиб, фидокорӣ, меҳрубонӣ, ҳамдардӣ ва сабру тоқатро нишон медиҳад.
Элиза ва қувони ваҳшӣ
Дар дурии дуриҳо, дар кишваре, ки ҳар зимистон парастуҳо аз макони зисти мо ба он ҷо парида мераванд, подшоҳе зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби ёздаҳ писар ва гулдухтаре бо номи Элиза буд.
Ёздаҳ бародари Элиза аллакай мактабхон буданд. Ҳар яке онҳо дар сари синаашон нишони ситора ва дар миёнашон шамшер доштанд. Онҳо дар лавҳаҳои тилло бо қаламсангҳои олмосӣ менавиштанд. Хоҳ азёд бошад ва хоҳ аз рӯйи китоб, ба дараҷаи аъло хонда метавонистанд. Он лаҳза зуд пай бурдан мумкин буд, ки шоҳзодаҳои ҳақиқӣ хонда истодаанд. Хоҳаракашон Элиза дар курсичаи шишагӣ нишаста, китоби суратдореро, ки бар ивази нисфи шоҳигарӣ харидаанд, тамошо мекард.
Оре, кӯдакон рӯзгори гуворо ба сар мебурданд, вале он муддати кӯтоҳ идома ёфту бас. Падарашон, подшоҳи кишвар, маликаи бадкирдореро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё