Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Вобаста ба қайдгирӣ дар органҳои давлатӣ, ташкилотҳо расмӣ ва ғайрирасмӣ мешаванд. Ташкилотҳои расмӣ он ташкилотҳое, ки бояд ҳатман аз қайди ягон органи давлатӣ гузаранд, ташкилотҳои ғайрирасмӣ зарурияти бақайдгирӣ надоранд.

  2. Вобаста ба муносибат ба буҷаи давлатӣ, ташкилотҳо буҷавӣ (аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, ё маҳаллӣ молиягузорӣ карда мешавад) ва ғайрибуҷавӣ (ки аз ҳисоби худашон маблағгузорӣ мегарданд) мешаванд.

  3. Вобаста аз сохтори ташкилӣ, ташкилотҳо ростхатта, доиравӣ, ситоравӣ буда, вобаста ба алоқамандии сохторҳои таркибии алоҳидаи истеҳсолӣ онҳо метавонанд, ки дар як хати рост бошанд, яъне баробарҳуқуқӣ дар шакли доирашакл ва ситорашакл ки қисматҳои печ дар печро доро мебошад.

  4. Вобаста аз сохтори идоракунии функционалӣ ташкилотҳо аз рӯи хусусияти субъект ва объекти идоракунӣ зинаҳои идоракунӣ, бо системаи идоракунӣ ва ахборӣ ташкил карда мешавад.

Сохтори ташкилии ташкилотҳо вобаста аз хусусияти соҳавии ташкилот, функция ва вазифаҳои он муайян карда мешавад.

Дар доираи умумидавлатӣ ташкилотҳо вобаста аз соҳаҳои фаъолияташон, ба соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, соҳаи саноат, соҳаи нақлиёт ва ғайра ҷудо карда мешаванд. Инчунин ҳар як соҳа дар дохили худ боз ба соҳаҳои хурд ва равияҳои хурд ҷудо карда мешаванд.

Дар дохили корхонаҳо ва идораҳо бошад сохтори функционалӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳоро шӯъбаҳо, ё коргоҳҳо низ мегӯянд.

Сохтори функционалию ташкилӣ гуфта чунин сохторро меноманд, ки дар асоси қоидаи ташаккулёбии таърихии ташкилию идоракунӣ асос ёфтааст, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ҳар як давраи инкишофи ҷамъиятӣ дар он як ҳиссаи худро гузоштааст.

Дар ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ сохтори ташкилӣ ин асосан аз авлод, қабила ва олҳо иборат буд. Давраи ғуломдорӣ бошад, ҳамчун давраи маҷбурии ташкили меҳнат боқӣ мондааст. Дар ин давра инсоният аллакай мафҳуми тақсимоти меҳнатро сарфаҳм рафта, байни зироатчигӣ ва чорводорӣ, тиҷорату косибӣ, сохтмону киштронӣ ва ғайраҳо ташкилоти функционалӣ пайдо гардид.

пешина
аз 512
навбатӣ