Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Андешаи хирадмандона ва рафтори сулҳҷӯёна
Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов 16-ноябри соли 1992 ҳанӯз дар синни 40-солагӣ дар шароити хеле вазнини иқтисодию сиёсии Тоҷикистон ба арсаи пешвой қадам ниҳоданд.
Эмомалӣ Раҳмонов иқтисодшинос буда, як қатор хислатҳои хирадмандонаи пешвоиро доро мебошанд, ки аз нигоҳи мо чунинанд:
-
Симои зебои хирадмандона ва ҳусни сухану қабули хотираи ӯ илоҳӣ мебошад.
-
Ба арсаи пешвой Эмомалӣ Раҳмоновро тақдир - қисмат ва худододии мардуми тоҷик даъват намудааст.
-
Аз рӯзи аввали фаъолияташ шиори “Сулҳ - асоси ҳамаи муваффақиятҳои мо мебошад” - ро сармашқи кори худ намуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, соли 1997 миллати тоҷикро муттаҳид намуданд.
-
Чунин як сиёсати сулҳҷӯёнаро нисбат ба тамоми давлатҳои дунё пеш гирифта тавонистанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун як мамлакати сулҳпарвар дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
-
Дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолияташон ба илм ва фарҳанг такя карда, бо эҳтироми гузаштагони бузург ва хирадмандон хазинаи илмию фарҳангии миллати тоҷикро эҳё намуданд.
-
Дар интихоби кормандон ва мақсадгузорӣ ба донишмандон ва аҳли зиё якдил буда, ноқобилонро намепарастанд.
-
Рафтори стратегӣ дошта, ба ояндаи дур некбинона назар доранд.
Чуноне ки пеш гирифтани сохтмонҳои азим, аз қабили роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқорум, сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, сохтмони туннели Анзоб, қасрҳои зебои миллӣ ва дигар иншоотҳоеро метавон ном бурд, ки дар он рафтори стратегии пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов баръало эҳсос мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин хислатҳои хирадмандонаи ин марди пешво хеле муҳим буда, бояд мавриди тадқиқоти аҳли илми на фақат мо - тоҷикон, балки ҷаҳониён дар асри XXI қарор гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё