Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маҳз барои ҳамин ҳам дар идоракунии ҳайат ва захираҳои инсонӣ диққати бештар ба сифатҳои пешвоии менеҷерони тамоми табақаҳо дода мешавад, чунки гурӯҳ, ё корхона пешворо талаб менамояд.

Сифатҳои пешвоиро, ки бояд менеҷерон дорои он бошанд, ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мувофиқи мақсад мебошад.

  1. Қобилияти асосноккунии мусбин образи «гурӯҳ», ё масоиле, ки вобаста ба он пайдо шудааст:
    ❖ нақши мусбат, дар шакли тарҳи концептуалӣ;
    ❖ исбот карда тавонистани мақсаднокии нуқтаи назари пешниҳодшуда ва имкони иҷрои он;
    ❖ қобилияти пешниҳоди роҳҳои аниқи ба мақсад расидан.

  2. Боварӣ ба одамоне, ки малакаи дониши баланд доранд ва тайёр ҳастанд, ки боз дониши нави зарурӣ гиранд:
    ❖ боварӣ ба одамон (ҳайат);
    ❖ ҳавасманд сохтани одамон;
    ❖ қобилияти гирифтани боварии ҳайат.

  3. Ҷонфидо будан ба ташкилот:
    ❖ ташкилот - корхона барои коргар на танҳо ҷои кор, балки хонаи дуюм аст;
    ❖ ягонагӣ дар гурӯҳ - «оила» (ҳамчун кӯдакон);
    ❖ он чизе, ки коргарон барои беҳтаршавии зиндагӣ аз ташкилот мегиранд.

  4. Мақсаднокии хислат:
    ❖ боварӣ ба сухан;
    ❖ ба меъёрҳои умумиинсонӣ такя кардан;
    ❖ ягонагии арзишҳо дар шакли мақсад ва воситаҳои ба он расидан.

  5. Мақсади бадхоҳӣ надоштан:
    ❖ хизмат ба одамон;
    ❖ мансабпарастии кӯр-кӯрона набурдан;
    ❖ истифодаи бошууронаи манфиатҳои шахсӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ