Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳаракат ба ҳокимият
Оварда расидан
Сектори ченак....

  1. Мутобиқкунонӣ
  2. Тарс аз ҳокимият
  3. Итоат
  4. Ҳурмоти калонҳо
    Вобастагӣ
  5. Гушкунӣ
  6. Пешниҳодӣ
  7. Фикри дигарон
  8. Маҷбуркунӣ
  9. Фармонҳо
  10. Худнишондиҳӣ
  11. Майдони пешвой
    Демократизм
  12. Дар фикри худ истодан
  13. Ёридиҳӣ
  14. Қурбонкунӣ
    Ҳаракат ба мустақилият

Расми 10. Майдони пешвоии менеҷерон.

18.4. Мақоми менеҷер-пешво дар шароити имрӯзаи инкишофи ташкилотҳо

Менеҷменти замони нав кори чандинсолаашро оиди назарияи пешвой давом дода истодааст ва вобаста аз дастовардҳои охирин доир ба идоракунии ҳайат ва менеҷменти захираҳои инсонӣ талаботҳои аниқ пешниҳод менамояд.

Беҳтар шудани техника ва технологияи нав, махсусан дар давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда (Ҷопон, Олмон ва Амрико), исбот намудаанд, ки дар шароити имрӯза дар ташкилот инкишофи ҳайат ва пешвой моҳияти калонро доро мебошад. Бо назардошти он, ки ҳар як ташкилот аз гурӯҳи одамон, бо сардории менеҷерон як дастаро ташкил медиҳанд ва ҳар як менеҷер дар гурӯҳи алоҳида пешво бошад, ин ба манфиати кор мебошад.

Ташкилот
Пешво
Гурӯҳ

Расми 11. Пешво (менеҷер) дар системаи гурӯҳи ташкилот

пешина
аз 512
навбатӣ