Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Қобилияти эҷодӣ:
    фикрронии созандагӣ; ҷустуҷӯи чизи нав; фаъолона ҷорӣ намудани навоварие, ки ба хуб шудани кори корхона меорад.

  2. Қобилияти хушмуомилагӣ (коммуникативӣ) доштан:
    муомилаи касбии корӣ;
    қобилияти сӯҳбати аз сидқи дилро ташкил карда тавонистан;
    доимо хабардор намудани аъзоён доир ба ҳолатҳо.

  3. Устуворӣ (Иродаи қавӣ):
    талаботи баланд аз худ ва одамон;
    мавҷуд будани ҳокимияти воқеӣ дар шакли мукофот ва ҷазо;
    муносибати мусбӣ ба яккасардорӣ ва такя карда тавонистан ба он.

  4. Қобилияти таваккалкорӣ ва тайёр будан ба таваккал:
    тайёр будан ва хоҳиши дар одамон пайдо кардани навоварӣ;
    тайёр будани дастгирии навоварон.

  5. Қобилияти «дар вақти талабшуда дар ҷои зарурӣ будан» ва «доимо дар назар будан»:
    бо коллектив якҷоя будан; аз «роҳбарият» натарсидан, қобилияти дар чашми роҳбарон ором кор карда тавонистан; қобилияти ба обрӯи ҷамъиятӣ такя карда тавонистан.

Дар шароити имрӯза нуқтаи назари инкишофёфтаи пешвоён асосан ба се қисм ҷудо карда мешавад:
«назарияи шахсиятҳои бузург» (назарияи хислат); консепсияи рафтори роҳбарӣ ва тарзи роҳбарӣ (омӯзиш ва тарбияи пешво); консепсияи пешвои ҳолатӣ, ки дар мавриди пайдо кардан ва истифода намудани сифатҳои пешвоӣ вобаста аз ҳолати ба миён омада дида мешавад.

Мувофиқи мақсад аст, агар мо ҳар се консепсияро дар якҷоягӣ омӯзем,
чунки онҳо як масъала, ё худ равияҳои илмии иҷтимоию рӯҳии таърихии

пешина
аз 512
навбатӣ