Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

одамон таъсир расонида тавонад. Дар фаъолияти пешво фаҳмишҳо ва дараҷаҳои зерин мақом доранд: пешво, талабот ба он гурӯҳ, «майдони гурӯҳ» ва натиҷаҳои бадастомада (Нигаред ба расми 8). Қувваи алоқамандӣ ва самаранокии фаъолияти гурӯҳ нисбати пешво қонунҳои воқеӣ мебошанд.

ПЕШВО Талаботҳо барои пешво Худпарастиро аз худ дур карда, барои дигарон хизмат кардан Табиӣ будан, худбовар, нисбати дигарон бодиққат, тайёр будан барои ёрӣ ба дигарон, қобилияти аз ҳолатҳои мураккаб баромадан Талабот дар гурӯҳ Талабот ба пешво Роҳбарии ғайримаҷбурӣ «Майдони гурӯҳ»
Гурӯҳи «хуб» беҳ аз гурӯҳи «самараноқ»
Рафтору гуфтори шахсони алоҳида гурӯҳро муайян карда ташкил менамоянд.
Натоиҷ Осон гардонидани раванди кор ва алоқамандии ҳалли муноқиша. Мавҷуд будани пешво бояд ҳис карда шавад, лекин гурӯҳ бояд худаш озодона меҳнат кунад.

Расми 8. Натиҷаи кори гурӯҳ ҳамчун самараи алоқаи пешво ва гурӯҳ

Пешво ва гурӯҳ ба якдигар дар шакли воқеӣ зарур мебошанд. Пешво ба гурӯҳ эҳтиёҷ дорад, чунки мувофиқи имкон пешво мехоҳад, ки қувваю имкониятҳои худро дар ҷомеа зиёд намояд. Пешво бояд одамонро бо роҳи нишон додани тарз ва усули иҷрои кор дар мисоли рафтори худ омӯзонад.

Пешво бояд, ки якбора ҳам дар нақшаи «ҷанговар» ва ҳам дар нақши «табиб» баромад кунад. Илм дар бораи пешво тасдиқ мекунад, ки маҳз муттаҳидшавии ин ду хислат фаъолияти ӯро самараноқ ва пурқувват месозад. Пешво бояд донад, ки кадом вақт ба сухани мардум гӯш диҳад ва кадом вақт ба ҳуҷум гузарад ва кадом вақт мунтазири ҷавоб бошад. Ин имкон медиҳад, ки ӯ на танҳо бо одамони алоҳида, балки бо гурӯҳ кор кунад.

Пешво бояд донад, ки омӯзиш ва худмуҳофизатии гурӯҳ ин дараҷаи дониш ва шуурнокии ҳар яке аз аъзоёни гурӯҳ мебошанд. Шахсияти пешво, ки дигаронро дилпурона ва мунтазам пеш мебарад, инкишоф ёфта, мустаҳкам

пешина
аз 512
навбатӣ