Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
мегардад. Ба ақидаи аксари мутахассисони бахши менеҷмент қувваи пешво аз ҳамкории ба гурӯҳ пайдо мегардад ва мустақилияти он аз хизмати он қувваи роҳбарӣ ин натиҷаи хирадмандии пешво мебошад.
Пешво бояд дарк намояд, ки гурӯҳ асосан ба рафтори «берунаи» вай диққат медиҳад ва танҳо вақти оромона сухан кардани пешво, гурӯҳ боварии дохили ӯро ҳис менамояд. Пешво ниҳоят кам ба саросемагӣ роҳ дода, ҳамеша бо боварӣ кор мекунад.
Гурӯҳ ҳамон вақт нағз кор мекунад ва корашон самаранок мешавад, агар даҳолати зиёдатиро аз тарафи пешво ҳис накунад.
Хирадмандии пешво дар он зоҳир мегардад, ки вай ҳолатҳоро хуб дарк карда, таҳлил мекунад ва онро ба инобат гирифта, ҳаракат мекунад, ки ҳалли масъалаҳои пешомадаро барои гурӯҳи худ осон бигардонад.
Пешвои хирадманд ягон вақт гурӯҳ, ё шахсонро маҷбур намесозад, ки системаи арзишҳои ӯро иҷро кунанд, ё аз худ намояд. Вай нисбати ҳама ҳолатҳои бавуҷудомада муносибати кушоду равшан менамояд. Пешво набояд касеро таъна занад, барои одамони «хуб» ва «бад» хизмат намояд, чунки аз суханони ростӣ ба ӯ равонашуда тез нороҳат нашаванд. Яке аз хусусияти дигари пешво, ин фаҳмидани инкишофи равандҳо, аз ҷумлаи саршавӣ, миёна ва охир мебошад. Инчунин пешво бояд дар рафти кор фарқият ва мувофиқ омадани назария ва таҷрибаро донад. Назария - барои фаҳмиш ва таҳлили моҳияти ҷараён, хизмат намуда, таҷриба - ин танзимдарории кори худ ва фаъолияти гурӯҳ мебошад.
Яке аз санъати дигари пешво истифодаи қобилияти мотиватсияи одамон бо роҳи маҷбур насохтани онҳо, барои имкониятҳои нав мебошад.
Пешвои хирадманд на барои дастовардҳо, балки барои дастгирии дигарон фаъолият мекунад.
Фаҳмиши имрӯзаи пешвой дар асоси қонунҳои иҷтимоию рӯҳӣ сурат мегиранд. Дар расми 9 механизми таъсиррасонӣ ба гурӯҳ ва ба пешворо дар омили вақт дида мебароем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё