Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чӣ хеле ки дар боло қайд намудем, китоб барои хирадмандон ва сиёсатмадору пешвоёни Хитой Қадим навишта шудааст. Аммо мазмуни аксари навиштаҳо гувоҳи он мебошанд, ки онҳоро менеҷерони зинаҳои гуногуни идоракунӣ метавонанд истифода баранд. Дар ин гуфтаҳо роҳҳо ва усулҳои инкишофи раванди пешвой нишон дода шудааст.

Мазмуни асосии китоб дар он мебошад, ки пешвой — намунаи рафтори шахсии роҳбар — менеҷер буда, на даъват ба гурӯҳ ва ё тарзи рафтори онҳо мебошад.

Пешвой - ин фаҳмиши беҳтарини ҳодисаҳои пайдошуда ҳисобида мешавад. Чунин муносибати менеҷер ба итоаткунандагон ки диққати асосӣ ба ташаккули «кушоду равшанкорӣ»-и гурӯҳ барои имконоти нав ва тайёр будан ба омӯзиш ва омӯзандагон мебошад дар китоб ба таври зерин омадааст:

Пешвои хирадманд — роҳбар барои тамоми намуди рафтор диққати зарурӣ медиҳад ва маҳз бо шарофати ӯ гурӯҳ «кушоду равшан» бо истифодаи имконоту рафторҳои нав ба нав ба комёбиҳо ноил мегардад.

Одамон дар он маврид бисёр чизҳоро метавонанд омӯзанд, ки онҳо худ барои ҳама чиз кушодаанд, на дар он ҳолате, ки пешгӯии онҳо фақат роҳбарро қаноатманд мекунонад.

Пешвои хирадманд ҳаракати онро намекунад, ки одамонро аз худашон ҳимоя созад. Фаҳмиш ба ҳама чиз новобаста аз мақбулӣ ва ғайримақбули таъсири якхела дорад. Ҳар як шахс қадру қиммати худро дорад, бинобар ин пешво набояд, ки дар ташкилот якеро нисбати дигаре дар зинаи боло ва ба худ наздик гузорад.

Дар натиҷаи муносибати беғаразона ва ҳавасмандии ҳақиқӣ барои дигарон, пешво муносибати худро ба дигарон нишон медиҳад.

Пешво бояд бо ҳар як шахс барои ташаккули шахсияти ӯ кор барад ва новобаста аз ҳақмузд дарк созад, ки чӣ гуна ӯ фоида ё зарар меорад. Пешво ҳамеша бояд сӯҳбати оддӣ ва рӯирост дошта, баланд ва барои он ба сӯҳбат ҳамроҳ шавад, ки ҳолати ба амал омадаро ба назар гирифта, дар мавриди зарурӣ мувозинат ташкил намояд.

Хирадмандони хитойӣ чунин ақида доранд, ки пешво бояд монанди об бечунучаро тоза буда, озодона ба анбӯҳ дохил шуда, бе ҳама гуна маҷбурсозӣ ба

пешина
аз 512
навбатӣ