Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Умуман, дараҷаи тайёрии касбии менеҷер дар мавриди аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи унсурҳои «чархи менеҷмент», ки мо дар мавзӯи пеш нишон додаем, баръоло баромадани ӯ зоҳир мегардад.

18.3. Менеҷер-пешво. Талаботҳои сифатии пешво

Лидер калимаи англисии «Leader» буда, дар забони тоҷикӣ маънояш пешво мебошад.

Асоси пешво будан дар илми менеҷмент, ин қобилияти ояндабинии ҳодисаҳо ва дидану дарк кардани ҳодисаҳои ҷорӣ (қобили таҳлили ҳолатҳо) мебошад.

Соҳибкорон ва менеҷерон медонанд, ки дар мавриди ба онҳо муайян гардидани ҳолатҳо, қисми зиёди вазифаҳо ҳалли амалии худро меёбанд. Маълум аст, ки самаранокии натиҷаҳо вобаста аз малакаю дониши менеҷерон ва иҷрокунандагон аз якдигар фарқ мекунанд, аз тарафи дигар, ин пеш аз ҳама ба «симои психологии роҳбар» ва дараҷаи пешвоии менеҷер вобаста мебошад.

Пешвоӣ — ин сифати шахсияте мебошад, ки бояд «низоми зиндагии ӯ» қисми ҷудонашавандаи «симои рӯҳии менеҷер» гардад.

Илм дар бораи пешвоён нисбати илми менеҷмент давраи тӯлонии таърихӣ дорад. Шоҳиди ин китоби профессори амрикоии Ҷ. Хейдер мебошад, ки дар бораи китоби Лао Сизи аст, ки онро дар Хитой дар асри VI то солшумории мо барои хонадонҳо ва сиёсатмадорон мураттаб намудааст. Китоб бо забони хитойӣ «Дао Да Чинг» ном дорад, ки аз маънии «Дао — чизҳо», «Да — кор», «Чинг — Китоб» иборат аст.

Ҷ. Хейдер баъзе маводҳои китоби Лао Сизиро ба талаботи имрӯзаи топ-менеҷер доир ба муайян кардани сифатҳои пешвоии менеҷер мутобиқ гардонидааст.

Дар ин китоб се мавзӯи асосӣ дида баромада шудааст:

  1. «Қонуни табиӣ», ё «чизҳо чӣ хел ба вуҷуд меоянд»?
  2. Чӣ тавр дар алоқамандии бошуурона бо қонунҳои табиӣ зистан.
  3. Усули идоракунӣ, ё худ чӣ хел идора кардан ва омӯхтани дигарон дар мувофиқати қонунҳои табиӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ