Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Дар миёни рӯзи корӣ як соат фароғат кунед.
- Меҳнати фикрӣ ва ҷисмонии худро дуруст тақсим намоед.
- Ҳар рӯз мувофиқи имконият, дар доираи меъёри муайян бояд кор кунед.
- Ҳамеша бо корҳои гуногун машғул шавед ва кӯшиш намоед, ки машғулияти шумо якранг набошад.
- Ҳамон вақт корро сар кунед, ки барои шумо фоидаовар бошад.
- Кӯшиш кунед, ки ҳарорати утоқи кориатон аз 14-15°С зиёд набошад.
- Хӯроки хуб ва дуруст истеъмол кунед ва нисбати саломатиатон бепарво набошед.
Қисми дуюм ва асосии вақти кории менеҷер дар муносибат бо коргарон, гузаронидани маҷлисҳо ва дар байни мардум мегузарад. Бинобар ин менеҷер бояд чунин маслиҳатҳои муфидро донад.
Пеш аз ҳама лафзи ширину зебои сухангӯй дар муҳити кории шумо зарур аст. Чунон ки Ҳофиз фармудааст:
Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,
Ба маҷлис о, ки аз Ҳофиз сухан гуфтан биомӯзӣ.
Дар маҷлису ҷамъомадҳо дар аввал бояд аз ҳалли масъалаҳои асосӣ оғоз намояд:
- Бояд андешид, ки гузоштани масъалаи мазкур дар ҳамин ҷамъомад дар ҳақиқат зарур аст ё не.
- Агар масъала ҳалли фавриро талаб накунад, мумкин аст, ки бе ҷамъомад иҷро шавад.
- Коллективро асосан бо се сабаб ҷамъ овардан зарур аст:
❖ агар масъала ҳалли коллективӣ талаб кунад;
❖ ба шарте, ки масъалаи дар маҷлис гузошташаванда ба якчанд шӯъба тааллуқ дошта бошад;
❖ агар дар ҳалли масъалаи меҳнати фикрӣ ба ҳисоб гирифтани манфиати гурӯҳҳои алоҳида лозим шавад.
Пеш аз саршавии маҷлис муҳим аст:
❖ ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад, ё маҷлис мавзӯъ, ё масъалаи муҳокимашавандаро хабар додан;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё