Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Ҳар коргар мехоҳад, ки соҳиби ҳақиқии кори худ бошад.
Дуюм, чанд таклифотро доир ба ташкили дурусти меҳнати фикрӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Қабл аз зикри онҳо бояд гуфт, ки тартиби истифодаи вақти кориро ҳеҷ кас дуруст ҷорӣ карда наметавонад, агар то қалам ба даст гирифта, онро рӯи қоғаз нанависад.
Қадами аввал — бақайдгирии корҳои асосӣ.
Қадами дуюм — тартиб додани реҷаи корӣ.
Қадами сеюм ва чорум — кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд баҳри иҷрои он.
Барои дуруст ташкил кардани меҳнати фикрӣ сари вақт қайд кардани фикр, ахбор, ё коре, ки шумо бояд имрӯз, дар давоми ҳафта, моҳ ва сол иҷро кунед, нақши муҳим мебозад.
Баробари ин аз болои иҷро шудан, ё нашудан ва сабабҳои он назорати қатъӣ ҷорӣ намоед.
Инак, чанд маслиҳат доир ба дуруст ташкил кардани меҳнати фикрӣ:
-
Агар шумо ҳис кардед, ки дар соати аввали корӣ нағз кор мекунед, диққат диҳед, ки ин низом то чанд вақт идома меёбад.
-
Агар дар соати аввал масъаларо пурра аз худ мекунед ва барои шумо ин саҳл аст, кӯшиш намоед, ки чунин имконият тамоми рӯз дастрас бошад.
-
Агар, шумо донед, ки қобилияти кории шумо пасттар буда, шумо тез хаста мешавед, чунин маслиҳат дода мешавад:
♦ аввал кори мушкилро ҳал кунед;
♦ аз аввали кор сар карда ягон дақиқаро беҳуда сарф накунед;
♦ ғайр аз кори асосӣ ба дигар чиз диққат надиҳед. Унсурҳои заруриро барвақт тайёр кунед.
♦ пайдарпай аз кори мушкил ба кори осон. Аз кори мушкилфаҳм ба осонфаҳм, аз норавшану дилгиркунанда ба шавқовар гузаред.
Инчунин як қатор маслиҳатҳои умумӣ мавҷуданд, ки пешниҳод кардани онҳо аз фоида холӣ нест:
-
Меҳнату истироҳатро дар алоқамандии якдигар ташкил кардан муҳим аст.
-
Худро бисёр маҷбур насозед.
-
Дар рӯзҳои муқарраршуда истироҳати худро оқилона ташкил кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё