Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар ин ҷода Низомулмулк борҳо хотиррасон менамояд, ки «Дар кори идораи давлат мавқеи одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор бузург аст».
Кордонии таҷрибавӣ барои фаъолияти мушаххаси функционалӣ, банақшагирӣ, ташкили кори сохторҳои таркибӣ ва коллективҳои меҳнатӣ, роҳбарии оқилона, назорати корӣ ва идоракунии ҳайат зарур мебошад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки вобаста ба болоравии менеҷерон аз рӯи вазифа тайёрии касбии онҳо низ инкишоф ёфта, тағйир меёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки самаранокии кори менеҷероне баланд мебошанд, ҳангоме, ки ин давраҳоро гузаштаанд. Соҳибкасбии менеҷер аз як қатор унсурҳо иборат мебошад.
Тайёрии касбии менеҷер
Тайёрӣ ба кор бо назардошти хусусияти бизнес
Тайёрии функционалии умумименеҷерӣ
Тайёрии шахсӣ ва ташкилотчигӣ
Ташкили кори итоаткунандагон
Расми 2. Сохтори унсурҳои касбии тайёрии менеҷер.
Агар ба кори роҳбарони қатори функционалӣ ва хизматрасон назар афканем, маълум мегардад, ки аз рӯи гуногуншаклии фаъолияти функционалии менеҷерон онҳоро мутахассисони дараҷаи олӣ номидан мумкин аст. Бинобар ин, инро меъёри тайёрии касбии менеҷер ҳисоб мекунанд. Чунин тайёрии менеҷер барои инкишофи шахс дар зинаҳои вазифадорӣ кӯмаки калон мерасонад.
Ба қисми миёнаи идоракунӣ дар аҳроми менеҷер мақоми аъло дода мешавад, чунки ин зина дар байни қисмҳои олӣ ва поёнӣ истода, нақши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё