Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

миёнаравӣ ва роҳбариро иҷро мекунад. Аз менеҷерони ин зина талаб карда мешавад, ки аллакай мустақилона бо дараҷаи баланди касбии қарори идоракунӣ қабул намуда, масъалаҳо ва вазифаҳои дар пеши онҳо истодаро ҳал созад. Ин менеҷерон имкон доранд, ки барои ноил гаштан ба мақсадҳои асосии ташкилот дар шакли «худмухторӣ» амал намоянд.

Роҳбарияти олӣ бояд на танҳо қобилияти муайян кардани равияҳои асосии инкишофи ташкилот ва фаъолияти он дар мӯҳлати дароз, балки «система»-и итоатгарони менеҷерон ва сохтори иҷроияро барои иҷрои мақсад тартиб дода тавонад.

Менеҷмент таҷрибаи калони батартибдаровардашудаи бисёрсораи талабҳоро дар тайёрии касбии менеҷер фаро мегирад. Ҳисоб карда шудааст, ки системаи касбияти менеҷер аз донистани ҳафт шакли кордонии ӯ, ки дар зер омадааст, иборат аст:

  1. Кордонии техникии менеҷер - тайёр будан ва аз ӯҳдаи вазифаҳои гузошташуда хеле хуб баромадан.

  2. Хушмуомилагӣ - бо одамони атроф муомилаи хуб доштан, махсусан ба тамоми ҳайати корхона, роҳбарони зинаҳои гуногун, мизоҷон, рақибон, инчунин, қобилияти вазифаҳоро дар шакли хаттӣ ва даҳонӣ пешниҳод карда тавонистан.

  3. Кордонии зеҳнӣ - ин қобилияти таъсир расонидан ба муносибати одамон дар равандҳои ҳаётии ташкилотӣ ва дар кори ҳаёт ба муҳити беруна, инчунин, ташаккулёбии муҳити рӯҳии коллектив, ташкили сифатҳои рӯҳии "як оила" дар ташкилот.

  4. Кордонии маъмурӣ - қобилият ва тайёр будан ба иҷрои қоидаҳои расмӣ дар корхона, ҳамоҳангсозии кори иҷрокунандагон, ё ин ки роҳбарон, инчунин идоракунии ҷараёни ахбори корхона ва дар зинаи расмият омода будани иҷрои қарори қабулшуда.

  5. Кордонии қабули қарор - қобилияти интихобӣ ва асосноккунии қарори интихобиро вобаста аз имконотҳо ва мақсадҳои мавҷудбуда, шароит, маҳдудиятҳо ва ченакҳо, инчунин тайёр кардани гурӯҳе, ки барои иҷрои қарор тайёр мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ