Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аҳроми менеҷерон гуфта, ин қисми зарурии система, яъне роҳбарони «хаттӣ», ё худ қаторӣ меноманд, ки итоаткунандагони худро дошта, барои идоракунии захираҳои асосии корхона, яъне захираҳои меҳнатӣ, вақт, молия, техника ва технология, ашё, молҳо ва хизматҳо ҷавобгар мебошанд.
Ба менеҷерони функционалӣ ҳамонҳое дохил мешаванд, ки барои функцияҳои алоҳида; идоракунии молиявӣ, тиҷорат, маркетинг, ё реклама ва дигар шаклҳои фаъолият равона карда нашудаанд.
Вақте сухан дар бораи менеҷерони «хизматрасон» меравад, он гоҳ ҳамон роҳбароне дар назар дошта мешаванд, ки барои хизматрасонии муайян ҷавобгӯй мебошанд. Ба ин гурӯҳҳо аксари маврид хизматрасонии ахборӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва дигар намуди хизматҳо, ки барои таъмини фаъолияти ширкатҳо (ташкилотҳо) зарур мебошанд, дохил мешаванд.
Тамоми системаи менеҷерон (қаторӣ, функционалӣ, хизматрасонӣ)-ро аз рӯи вазифаашон дар се зинаи роҳбарӣ ҷой мекунанд (Нигаред ба расми 1).
-
Роҳбари табақаи олӣ (TOP)
-
Роҳбари табақаи миёна (middle)
-
Роҳбари табақаи поёнӣ (lower)
Расми 1. Зинаҳои тартиботи дараҷаҳои мансабии менеҷерон.
Вобаста аз он, ки фаъолияти функционалӣ аз якдигар фарқ мекунанд, тайёрии касбии аз рӯи дониш, кордонӣ ва таҷрибаи корӣ хислатҳои гуногун доранд. Қисми поёнии менеҷерон бояд диққати асосиро ба бартарияти кори амалӣ дода, роҳбариро бевосита ба иҷрои кор ва сарфакории захираҳое, ки онҳо кор мекунанд, равона намоянд.
Роҳбарияти олӣ зинаи болоӣ дар аҳроми менеҷерон дараҷаи донишро бахусус дар омӯзиши натиҷаҳо, ҳалли масоили концептуалӣ, ки асоси тайёрии касбӣ мебошанд, аз худ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё