Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Даромаднокии истеҳсолот гуфта, натиҷаи истифодабарии моликияти корхонаро меноманд. Дараҷаи даромаднокӣ ҳамчун нисбати фоидаи корхона (ё фоидаи соф) ба ҷамъи фондҳои корхона муайян карда мешавад:

Дд = Ф / (ФА+ФГ) . 100

Даромаднокии маҳсулот бошад, ин нисбати фоидаи маҳсулот ба хароҷотҳои истеҳсол ва фурӯши он муайян карда мешавад:

Дм = ФМ / Ҳиф . 100

Нишондиҳандаҳои асосии баҳои фаъолияти молиявию хоҷагии корхона инҳо мебошанд:

  1. Фоиданокӣ - бартарияти даромадҳои корхона аз хароҷоти он.
  2. Устуворӣ - яъне устувории молиявии корхона. Ҳар қадар корхона дорои сармояи зиёд бошад, ҳамон қадар устувор мебошад.
  3. Серхаридорӣ - имконоти мубаддалгардии сармояи корхона ба пули нақд. Дараҷаи серхаридорӣ аз рӯи иҷрои ӯҳдадориҳои молиявии корхона муайян карда мешавад.
  4. Инкишоф - афзоиши ҳаҷми корхона ва сармояи он.
  5. Самаранокӣ - нисбати натоиҷи фаъолият ба хароҷотҳо мебошад.

Ҳар қадар нишондиҳандаҳои дар боло номбаршуда баланд бошанд, ҳамон қадар кори корхона хуб буда, менеҷменти корхона самаранок меҳнат намудааст.

Ҳамин тариқ, алоқамандии самараноки кори менеҷментро дар шакли схемавӣ чунин фаҳмидан мумкин мебошад:
Ташаккулёбӣ ва ҳаракати нишондиҳандаҳои ҷамъбастии менеҷмент бо роҳи идоракунии воситаҳои ҳолат ва методҳо, ки қудрати менеҷмент мемонанд, муайян карда мешавад.

30.6. Саволҳои санҷишӣ

  1. Пешвоӣ чист? Чӣ бояд кард, ки пешво шавед?
  2. Талаботҳои асосии менеҷменти асри XXI кадомҳоянд?
  3. Ҳирадмандон ва файласуфони форсу тоҷикро, ки пешвои илм буданд, номбар кунед?
  4. Арзишҳои башарӣ дар замони нав чӣ гунаанд?
  5. Равандҳои асосии ташкили менеҷменти асри XXI-ро номбар кунед.
  6. Одамони ғайриоддӣ чӣ хислатҳо доранд?
  7. Хусусиятҳои хоси миллии менеҷменти ҳазорсолаи сеюмро номбар кунед.
пешина
аз 512