Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳисоби даромадҳо, фоида ва даромаднокӣ;
ҳисоби самаранокии фаъолияти корхона;
ҳисоби истифодаи оптималии захираҳо.
Даромади корхона гуфта даромадҳои молиявӣ аз тамоми намуди фаъолиятҳоро меноманд. Яъне:
даромад аз фурӯши маҳсулот;
даромад аз иҷрои кор ва хизматҳо;
даромад аз ҳисоби фурӯши фондҳои асосӣ ва дигар амволи корхона;
даромад аз фаъолиятҳои ғайрифурӯш;
даромад аз ҳисоби иҷорапулиҳо.
Фоидаи корхона (даромади соф) ин фарқи байни даромадҳо ва хароҷотҳо барои ба даст овардани онҳо мебошад:
Ф = Д-Х
Фоидаи корхона, яке аз нишондиҳандаи асосии андозсупорӣ мебошад, ки баъди андозҳоро аз фоида супоридан, фоидаи соф боқӣ мемонад:
Фс = Ф-Аф
Фоида аз фурӯши маҳсулот, кор ва хизматҳо фарқи байни даромад аз фурӯши молу хизматҳо ва хароҷотҳои истеҳсолу фурӯши мол (кор ва хизматҳо) мебошад:
Ффм = Дфм — Хиф
Фоида аз фурӯши фондҳои асосӣ ва дигар амволи корхона ба фарқи байни нархи фурӯш фондҳои асосӣ ва дигар амвол ва арзиши аввала, ё худ боқимондаи онҳо баробар аст:
Ффф = Нф — На х Иб (1)
Фф = Фф-Нф-Нб х Иб
Иб — индекси беқурбшавӣ
Фоида аз фаъолиятҳои ғайрифурӯш фарқи байни даромадҳо аз ҳиссадориҳо, иҷорапулиҳо ва дигар даромадҳо ва хароҷотҳои ҳамин фаъолиятҳо аст:
Ффг = Дхи — Ххи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор