Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Албатта, коркард ва истифодаи технологияи ахбори хеле вазифаи муҳим ва мураккаб буда, дониши махсусро талаб мекунад. Агар коргарон ин донишҳоро надошта бошанд, баръакс вақти зиёдро харҷ карда, натиҷаи зарурӣ гирифта наметавонанд.

Қабули ҳамаи ин ҷараён ва додани он вобаста аз арзишҳое мебошад, ки ҳар як мо доро мебошем. Арзишҳо - ин роҳнамо, ки одамон дар вақти интихоби масъала истифода мебаранд, яъне ҳақиқатпарастӣ, ростӣ, устувории шахсият ва бадастории сарват - мазмуни арзишҳое мебошад, ки ҷаҳонбинии моро фаро гирифтаанд.

30.3. Барпо намудани арзишҳо - стратегияи менеҷменти ҳазорсолаи нав

Дар байни соҳибкорон аксар маврид қиссаи ду сайёдро нақл мекунанд, ки шабе онҳо дар бешазор бедор шуданд, вақте паланге дар назди ҳайман онҳо аллакай расида буд. Яке аз сайёдон тез ба гурехтан тайёрӣ мебинад. Дуюмин ӯро дида мепурсад:

  • «Магар ту аз паланг дида тез медави?»,
  • Сайёди якум мегӯяд дар ҷавоб барои ман шарт нест, ки аз паланг тез давам, ягона мақсад ин аст, ки аз ту пеш гурезам». Ризо шавед, шухи ҳам хуб, аммо стратегияи нодуруст. Шумо албатта фаҳмидед, ки ояндаи стратегияи зинда мондани сайёди гуреза дар нақшаи дарозмуддат номаълум аст. Бо чунин стратегия дар ҷаҳоне, ки палангу сайёдон ҳастанд, албатта палангон доимо ғалаба мекунанд. Ҳатто дар ҳолате, ки сайёд дар навбати аввал бо роҳи пештар гурехтан аз рафиқаш зинда мемонад ҳам, дар вохӯрии оянда бо паланг албатта ӯ нобуд мегардад. Чунки ӯро мумкин рақиби дигар мегузарад, ё ӯ танҳо ба танҳо бо паланг монда нобуд мегардад.

Сарчашмаи шикасти сайёд дар чист? Маҳз дар стратегияе, ки бо воситаи он муваффақияти сабук, дар лаҳзаҳои аввал ба даст оварда шуд. Ба ҷои он, ки оташ гиронда палангро гурезонанд, ё худ ба болои дарахти росте бароянд, ки паланг баромада натавонад, вай майдони рақибро интихоб намуда, он кореро пеш гирифт, ки паланг аз ӯ чанд карат хуб иҷро мекунад, яъне давид.

пешина
аз 512
навбатӣ