Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

80% дар ШМА, қобилияти фикрӣ талаб мекунад, на физиологӣ.

Аз рӯи гуфтаи файласуф ва назарияшиноси менеҷмент Чарлз Хенди «Қобилияти азхудкунӣ ва истифодаи дониш ва қобилият сарчашмаи нави бойшавӣ мегардад». Вай қайд мекунад, ки бехатарии ояндаи одамон дар фаҳмиши васеъ, на аз тарафи ҳукумати мамлакати онҳо, ё деворҳои хонаашон таъмин карда мешавад, балки аз ҳисоби ақли шахсии онҳо аст.

Дигар олимон дар чунин ақидаанд, ки ҷамъият дар дохили як ҷараёни глобалӣ дохил шудааст, ки дар натиҷа ҷаҳоне пайдо мекунанд, ки аз имрӯза қуллан фарқ мекунад.

Технология на фақат суръати паҳншавӣ ва коркарди ахборро, балки корхонаҳоро маҷбур сохтаанд, ки диққатро ба ҷараён ва методи корӣ диҳанд. Мақсади технология асосан барои баланд бардоштани самаранокии фаъолиятҳои корӣ, соҳибкорӣ равона карда шудаанд. Дар оянда технология бисёртар барои пешвоёни соҳаҳо таъсир мекунанд ва онҳоро маҷбур месозад, ки стратегияи инкишофи худро дигар созанд.

Дар чунин як шароит талабот ба менеҷерон - пешвоён меафзояд ва онҳо ба ташкилот метавонанд ақидаҳои нав пешниҳод намоянд. Онҳо ҳунармандон ва донишмандонеанд, ки дониши баланду таҷрибаи бой доранд. Мисол, Билл Гейтс - директори ширкати Microsoft, диққатро ба он медиҳад, ки чӣ тавр одамони заруриро ба компанияи худ гирад. Ҳар моҳ зиёда аз 10000 варақаи шахсӣ мегирад, аз он фақат 2%-ро ба кор мегиранд. Аз рӯи ақидаи Билл Гейтс вай на фақат коргарони оддиро мекобад, балки «номзадҳои барои Microsoft арзандаро одамонеро, ки таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи нав дошта, инчунин қобилияти тез азхудкунии ин технологияро дошта, аз навигариҳо бохабар бошад, ҷустуҷӯ мекунад. Барои ширкат коргароне лозиманд, ки эҷодкор бошанд, донишҳои доир ба бозор дошта бошанд, руҳияи соҳибкорӣ дошта, қобилияти масъаларо ҳал карда тавонистан, бе дастурамал кор карда тавонад.

Ин гуфтаҳо нишонаи он мебошад, ки аллакай ташкилотҳо аз коргарони худ талаб мекунанд, ки таҷриба ва қобилияти фикррониеро дошта бошанд, ки имкони коркарди ахборро бо донишҳои зарурӣ ва қарори хуб бароварданро дошта бошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ