Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

таркибии бозор, ки ба тағйирёбии портфели молиявии корхона оварда мерасонад. Ин ғаризаҳо шакли мураккаби намунаи фаҳмишҳо мебошад, ки фақат ҳунарманд онро дорад. Ин ҳиссиётҳоро таҷрибаи солҳои зиёд ва омӯзиши пурраю васеи донишӣ ба одам пайдо мекунад. Дастурамале, ки барои шунидан ва гӯш кардани одамон равон шудааст бе таҷрибаи муайян қабул карда намешавад.

Хирадмандӣ хоси ҳунарманд аст, ки он қисми асосии маънавиёти ӯ буда, дигар чизро қабул карда наметавонад. Кордонӣ ба дараҷае мерасад, ки барои ҳунарманд корҳои ба дигарон дур кори ҳаррӯза мегардад.

Ҳунармандӣ боварӣ ба арзандагиро ташаккул медиҳад. Дар ҳақиқат боварӣ ин раванди асосии ҳунармандӣ мебошад. Вақте ки шароитҳо тағйир меёбанд, холигиҳо пайдо шуда, пастшавии фаъолияти ташкилот ба вуҷуд меоянд, тақсимот, марказонидан, ғайримарказонидан, ташкилот кам шудан мегиранд, коргарони ботаҷриба мебинанд, ки тағйиротҳо фақат шаклро дигар карда функсияро дигар накардааст.

Аммо одамоне, ки мутахассиси касбӣ мебошанд, доимо мехонанд, саволҳо медиҳанд, доимо меҳнат мекунанд ва ҳаракат мекунанд, ки кори худро ба дараҷаи нав расонанд. Ин одамон аз он наметарсанд, ки онҳоро ба кор мегиранд, ё не. Ба онҳо ташкилотҳо ва истеҳсолот зарурият доранд, ки ба талаботи соҳа ҷавоб гуфта тавонанд. Ин одамон, хоҳ нохоҳ менеҷер мешаванд.

Ҳунармандӣ вақт ва таҷриба талаб мекунад. Одамон баъди 10-15 соли мустаҳкам кардани донишҳои худ дараҷаи баландро соҳиб мегарданд. Мо инро бисёртар дар рафтори варзишгарони касбӣ мебинем, ки медалҳои тиллоиро бе ягон вазнинӣ ба даст меоранд. Ҳунармандони бахши гӯштингирӣ, футбол, тенис солҳои дароз дар байни навомадагон ва варзишгарони касбӣ машқ мекунанд.

Мо якдилона тарафдорӣ мекунем, ки барои варзишгар машқ шарт ва зарур мебошад. Албатта бемантиқ мебошад, агар мо аз одамоне, ки тарзи гӯштин гирифтан, ё футбол бозиданро дар китобҳо хондаанд талаб намоем, ки ба майдон бароянд. Аммо мо намехонем, вақте ки одамони нав, иқтисодиёт, молия, менеҷмент ва маркетингро аз рӯи китоб хонда ба вазифаи усто, ё сардори шӯъба, ё худ менеҷери бахши иқтисодӣ таъин мекунем. Дар ин ҳолат мо аз дониши бахши бизнес дур шуда, аз таҷрибаи соҳибкорӣ баҳра бурда

пешина
аз 512
навбатӣ