Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳамчун ҷаҳони шакли намунавӣ, на ҳамчун ҷаҳони пароканда, ки гӯё ба дахолати зарурӣ дошта бошад, бишиносем.
Бе чунин фаҳмиш ва ҷаҳонбинӣ менеҷерон наметавонанд, ки ба пеш назар афкананд, онҳо худро бой дода мепиндоранд ва ба пешравиҳо назари манфӣ доранд. Менеҷерон бояд чунон дараҷа ва доираи васеи дониш дошта бошанд, ки бо истифода аз ҳунармандӣ истифодаи ин дониш бовариро пайдо кунанд, ки фарқи байни тағйиротҳо ва холигӣ вуҷуд дорад. Агар пешвоён ба худ оромӣ ва бовариро нагиранд, он гоҳ ба эҳсосот дода шуда, аз уҳдаи вазифаи муқаддаси худ баромада наметавонанд. Одамоне, ки дониши рӯякӣ, ё худ умумӣ доранд, аз уҳдаи ин кор баромада наметавонанд.
Мител Мошен, ҳуққабози бузурги замони мо, дар давоми 20 сол ҳунари худро дар ин соҳа инкишоф дода менависад, ки ҳар як кас метавонад ҳуққабозӣ омӯзад, ба шарте ки ҳаракатҳои мураккабро ба супоришҳои содда ҷудо карда тавонад. Аммо ҳунари тақсими ҳаракатҳо ба унсурҳои оддии алоҳида, санъате мебошад, ки зиёда аз 20 сол талаб кардааст. Вай метавонад, пайдарпай комбинатсияҳое нишон диҳад, ки ягон ҳуққабози дигар наметавонад. Вай схемаеро мебинад, вақте ки дар ҳаво аз се то ҳафт тӯбро бозӣ мекунанд.
Моҳияти ҳунармандӣ дар он мебошад, ки намунаро дида тавонем. Мисол шахсоне, ки ба реклама, банақшагирии молиявӣ, барандагии навигариҳои варзиш дар телевизион, суратгирон, таҳқиқи бозор машғуланд, онро дар мисоли намунаи мол, харидорон ва рақибон меомӯзанд. Таҷрибаи корие, ки онҳо дар давоми чандин солҳои корӣ пайдо мекунанд, имкон медиҳад, ки нишонаҳо, меъёрҳои баҳодиҳии худро пайдо кунанд ва пешниҳоду навоварӣ карда тавонанд. Ҳаҷми таҷриба, тарафҳои мусбат ва манфии он, бурду бохт ва ҳамаи ин ҳунармандии менеҷерро афзун менамояд. Менеҷерон ва пешвоёне, ки таҷрибаи кории бой надоранд, барои идоракунии сохторҳои мураккаб тайёр нестанд.
Бо сабаби он, ки дар асри XXI басомади тағйиротҳо меафзоянд, барои ба даст овардани муваффақиятҳо чашми тез ва гӯши шунавои ҳунармандӣ доштан лозим мебошад. Одамоне, ки дониши рӯякӣ, ё умумидошта дар соҳаи алоҳида, ё худ равияи борик кам ин чизҳоро мефаҳманд, ба монанди овози мотори вайрон, миқдори таблитсаҳои монитори компьютер, дурустие, ки каме шубҳанок бошанд, чеҳраи директор, ки ноҷур аст, ё худ тағйиротҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор