Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Мамлакатҳои қашшоқ, ки сарватҳои табиии бой, қувваи коргарии арзон дошта, рӯ ба тараққӣ доранд.
Ташкилоте, ки мо дар боло овардем албатта шартан буда, имкон намедиҳад, ки як давлатро пурра ба ин, ё он гурӯҳ дохил намоем. Дар байни ин давлатҳо мамлакатҳоеро пайдо кардан мумкин, ки агар аз як унсур танқисӣ кашанд, аз унсури дигар шароити хуби соҳибкорӣ дорад.
Ҳолати сиёсию иқтисодӣ дар давлатҳое, ки бо ҳам ҳамкории соҳибкорӣ доранд ва чунин нишонаҳо доранд:
-
устувории сиёсӣ. Устувории сиёсиро имрӯз он давлатҳое соҳиб мебошанд,
ки иқтисоди бозории хеле хуб дошта, дар онҳо ҷамъияти озоди демократӣ
амал мекунад; -
дараҷаи зиндагонии мардум ин дар навбати аввал ба даромади оилаҳо
вобаста мебошад; -
муҳити «воридот - содирот» ки аз муносибати аҳолӣ ва ҳокимият вобаста
мебошад, вуҷуд доштани моликияти хориҷӣ ва савдои хориҷӣ; -
сиёсати арзи хориҷии давлат, озодии муомилоти пул, устувории қурби пул
ва ғайра; -
сиёсати иқтисодии давлат оид ба фаъолиятҳои бурунмарзӣ ва дастгирии соҳибкорони ин фаъолият.
Хусусияти миллию мадании мамлакатҳои ҳамкор ва тиҷорати байналхалқӣ. Ин муносибатҳо дар асоси таъсири анъанаҳо ва урфу одати миллӣ, дину оин, хоҳишу дархости мардуми ин давлатҳо сурат мегирад. Надонистани хусусиятҳои миллӣ монеаи калон барои фаъолияти соҳибкорӣ мегардад. Чунончи дар Булғория соҳибкорӣ намуда, бояд донем, ки нишонаи розигӣ ҷунбонидани сар ба таври уфуқӣ ва рад кардан ба таври амудист. Ё худ соҳибкор бояд донад, ки олмониҳо дар хӯроки нисфирӯзӣ хӯроки якум намехӯранд, ё кореягиҳо гӯшти саг мехӯранд, фаронсавиҳо қурбоқа ва тоторҳо асп. Ё худ хосияти хоси рафтори мардони фаронсавӣ он аст, ки онҳо аз занҳо дида ду маротиба атр зиёд истифода мекунанд. Давлатҳое вуҷуд доранд, ки телефонҳои дастӣ хеле васеъ истифода мешаванд, аммо хӯрокро бо даст мехӯранд. Ё номи мошини «Жигули» дар забони фаронсавӣ «Жиго - оворагард, ё ҷангара»-ро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор