Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
сиёсати ҳавасмандкунии аксари давлатҳо нисбат ба тиҷорати беруна, барпо кардани алоқаҳои хоҷагӣ байни давлатҳо;
инкишофи босуръати тамоми намуди нақлиёт, ки боркашонии байни давлатҳоро таъмин месозанд;
инкишофи босуръати Интернет ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ ва алоқавии байни давлатҳо, ки гуфтугӯ ва мубодилаи ахбори байни соҳибкоронро хеле осон ва самаранок гардонидааст.
Монеаҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ:
фарқияти базаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ, ки асосашро бо ҳам мувофиқ наомадани ҳуҷҷатҳои меъёрии давлатҳои ҳамкор ташкил медиҳад;
маҳдудиятҳои арзи хориҷӣ ва ивази пулҳои миллӣ;
нооромии сиёсӣ ва иқтисодии дар баъзе мамлакатҳои дунё;
фарқият дар стандартҳои давлатии ашёи хом, мавод ва маҳсулот;
монеаҳои бюрократии системаи ҳуҷҷатгузорӣ, коррупсия, ҳуҷҷатгузории зиёдатӣ ва порагирӣ;
монеаҳои гумрукӣ, тарифҳо ва қоидаҳои гуногуни гумрукӣ;
мавҷуд будани квота ва литсензия барои овардан ва баровардани намудҳои алоҳидаи маҳсулот;
монеаҳои забонӣ, фарҳангӣ ва дигар урфу одатҳои давлатҳои алоҳида.
Барои қабули қарор доир ба фаъолияти бурунмарзии иқтисодӣ ва равандҳои асосии он унсури асосӣ таҳлили муқоисавӣ ва дараҷаи инкишофи хоҷагидории ҳамкорон ва омӯзиши хусусиятҳои хоси миллӣ, маданӣ, табиию географии ин мамлакат мебошад.
Вобаста аз дараҷаи инкишофи хоҷагӣ гурӯҳи мамлакатҳои зерин фарқ карда мешавад:
-
Мамлакатҳои бо муносибатҳои инкишофёфтаи бозории саноатӣ ва замонавӣ.
-
Мамлакатҳои бо имконоти васеи инкишофи саноатӣ, ки дар роҳи муносибати иқтисоди бозорӣ истодааст.
-
Давлатҳои бо хоҷагии қишлоқ инкишофёфта ва иқтисоди бозории саноатӣ низ дорад.
-
Мамлакатҳои сарватманд, ки саноат суст тараққӣ ёфтасту аз ҳисоби содироти ашёи хом зиндагонӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор