Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Модели бозори навоварӣ - кулли хусусиятҳои хос ва механизмҳои ҷараёни коркард, ҷорӣ кардан ва паҳн намудани навовариро меноманд.
Бо сифати омилҳои асосии ташаккули бозори навоварӣ инҳо дохил мешаванд:
- дараҷаи иштироки давлат дар идоракунии ҷараёни навоварӣ;
- дараҷаи гирифтани даромадҳои аввалан давлат;
- дараҷаи инкишофи инфраструктура;
- дараҷаи баҳамонии илм ва истеҳсолот;
- дараҷаи рақобатнокии технологӣ дар бозор;
- дараҷаи инкишофи иқтисодии мамлакатҳо.
Хусусиятҳои хоси таъсири омилҳои умумӣ ва махсусро барои ташаккули бозори навоварӣ дар алоҳидагӣ дида мебароем.
-
Иштироки давлат дар идоракунии ҷараёни навоварӣ. Хислати даҳолати давлатӣ дар идоракунии ҷараёни навоварӣ асосан ба зарурияти бехатарии навоварӣ ва вобаста аз ин бартариятҳои равандҳои илмию техникии давлатӣ ва ташкили шароити соҳибкорӣ равона шудааст.
-
Бехатарии макронавовариро аз якчанд тараф, яъне ҳамчун ҳолат, ҷараён ва система фаҳмидан мумкин мебошад.
Бехатарии макронавоварӣ ҳамчун ҳолат - мавҷуд будан, ё набудани шароитҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва технологӣ ба иқтисоди мамлакат имкон медиҳад, ки навовариро дар асоси захираҳои худӣ гузаронанд.
Бехатарии макронавоварӣ ҳамчун ҷараён - ин кулли фаъолиятҳо ва механизм доир ба ташкил ва тартиботи шароити таъмин намудани инкишофи босуботи илмию техникии иқтисодиёт дар ҳозира ва оянда дар асоси захираҳои мавҷудаи худӣ мебошад. Инкишофи босуботи илмию техникӣ гуфта, чунин равиши ҷараёни навовариро меноманд:
- суръати инкишофи миқдории ихтироъкориҳои тасдиқшуда дар дохили мамлакат, ки бояд аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ кам набошад;
- мутаносибии хароҷотҳои КИТ нисбат ба ММД, на камтар аз ҳисоби миёнаи гурӯҳи мамлакатҳои мувофиқ;
- ҳиссаи хароҷотҳои ҳарбии КИТ дар ҳаҷми умумии ТИМ, кифоя барои таъмини дараҷаи илмию техникии саноати ҳарбӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор